Даъвати Иттиҳоди Аврупо аз Узбакистон барои афви маҳбусини сиёсӣ
Иттиҳодияи Аврупо (ИА) аз ҳукумати Узбакистон даъват кардааст, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъоли сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар зиндонҳо ва зери тафтиш қарор доранд, афв намояд.
Ҳайати Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Узбакистон ва сафоратхонаҳои кишварҳои узви ИА дар Тошканд бо таваҷҷуҳ ба далелҳои озод кардани маҳбусон, умедвор аст, эълон кардани афви ҳарсола аз ҷониби палатаи болии парлумон дар декабри соли 2014 ба бознигарӣ ва бахшиши шаҳрвандони дигар, махсусан ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъоли сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боис мешавад.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ИА бо Узбакистон ҳамкориро барои тақвият додани волояти қонун ва эҳтироми ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар кишвар идома медиҳад. Дар пайи эълони афв дар декабри соли 2014 бахшида ба солгарди Қонуни асоси Узбакистон 10 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам раҳо шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |