Бахшҳо
16 мар 2015 10:23Хабарҳои ҷаҳон

Харидуфурӯши силоҳ дар ҷаҳон: ИМА ва Русия пештоз

Пажуҳишгоҳи байналмилалии тадқиқоти мушкилоти сулҳи Стогҳолм (Суис) гузориши худро дар мавриди вазъи фурӯши силоҳ дар дунё нашр кард. Бар асоси ин гузорш ИМА ва Русия бузургтарин силоҳфурӯш дар панҷсолаи ахири дунё будаанд.

БУЗУРГТАРИН КИШВАРҲОИ СОДИРКУНАНДА

Мақоми аввалро дар ин гузориш Амрико касб мекунад, ки ҳаҷми содироти ҳарбияш 23 дарсадро ташкил кардааст. Саҳми ИМА дар фурӯши силоҳ дар панҷсолаи ахир 31 дарсад буда, ба 94 кишвари дунё силоҳ фурӯхтааст. Ин кишвар барои кишварҳои Осиё ва Уқёнусия 48%, барои кишварҳои Шарқи Наздик 32% ва барои кишварҳои Аврупо 11% силоҳ фурӯхтааст.

Русия дар 5 соли ахир дувумин кишваре дар ҷаҳон буда, ки аз ҳама бештар силоҳ содир намудааст. Саҳми Русия дар ин давра баробар ба 20 дарсад будааст ва рушди содироти навъҳои асосии силоҳ ба 37% расидааст. Русия дар ин давра ба 56 кишвари дунё силоҳ фурӯхтааст. Харидорони аслии силоҳи Русия Ҳиндустон, Чин ва Алҷазоир будаанд. Ҳамчунин ҳаҷми фурӯши силоҳи Русия барои кишварҳои Африқо 12% ва кишварҳои Шарқи Наздик 10% гуфта мешавад.

Чин, ки дар давраи солҳои 2005-2009 дар ҷойи 9 қарор дошт (саҳмаш дар фурӯши силоҳ дар дунё ҳамагӣ 3% буд) ҳоло дар ҷойи 3-юм менишинад ва дар давраи солҳои 2009-2014 ҳаҷми содироти силоҳашро 143% афзоиш додааст.

Ҳаҷми умумии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар панҷсолаи ахир бар асоси ин тадқиқот 16 дарсад коҳиш ёфтааст. Муаллифони гузориш гуфтаанд, агар дар давраи солҳои 2005-2009 нишондоди кишварҳои ИА болотар аз ИМА ва Русия буд, ҳоло поинтар аз ин ду кишвар мебошад.

БУЗУРГТАРИН КИШВАРҲОИ ВОРИДКУНАНДА

Ин Пажуҳишгоҳ ҳамчунин панҷгонаи кишварҳои воридкунандаи силоҳро низ нашр кардааст, ки Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) ва Покистон мебошанд. Аз ҳаҷми умумии хариди силоҳ дар дунё 15% ба Ҳиндустон, 5 дар садӣ ба Арабистони Саудӣ ва Чин ва 4%-ӣ барои АМА ва Покистон рост меояд. Дар 10-гонаи кишварҳои бонуфузи харидорони силоҳ Австралия (4%), Туркия, ИМА, Куриё ва Сингапур (3%) низ ворид шудаанд.

Ба ин тартиб дар даҳгонаи кишварҳои харидорони силоҳ 5 давлат аз Осиё мебошанд, ки ба онҳо 30%-и хариди силоҳ дар дунё рост меояд. Аз кишварҳои аврупоӣ аз ҳама бештар Бритониёи Кабир силоҳ харидорӣ намудааст.

КИШВАРҲОИ АРАБӢ АЗ ҲАМА БЕШ СИЛОҲ ХАРИДААНД

Гузоришгарон ҳамчунин гуфтаанд, ҳаҷми воридоти ҳарбии кишварҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои арабии Халиҷи Форс дар солҳои 2005-2009 ва 2010-2014 то 71 афзоиш ёфта ва дар давраи охир ин афзоиш 54 дарсадро аз ҳаҷми умумии воридот барои кишварҳои Шарқи Наздик ташкил медиҳад. Дар ин ҳавза Баҳрайн, Қатар, Кувейт, АМА, Умон, Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи кишварҳое будаанд, ки дар хариди силоҳ миёни кишварҳои воридкунанда дар давраи 2010-2015 ҷойи дувумро касб кардаанд. Ин нишондод дар муқоиса ба давраи 2005-2009, 4 баробар бештар мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)