Бахшҳо
13 мар 2015 19:44Ҳуқуқи инсон

Сил сабаби талоқи наварӯс

Зокир ҲАСАН

Шавҳари Садбарг Ҳайдарова (ному насаби мустаор), сокини шаҳри Сарбанд, ӯро бо «ҷурм»-и силкасал шудан пас аз ним соли ҳамзистӣ бо исрори модари худ талоқ додааст.


Ин дар ҳолест, ки тибқи фармудаҳои дини мубини ислом, ки 99 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон пайрави он ҳастанд ва қонуну санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии кишвар шавҳар барои табобати завҷа аз ҳар гуна беморӣ мукаллаф дониста мешавад.
– Дар хонаи падарам зуком шудам, ки он авҷ гирифта, ба шушҳоям андаке таъсир расонида буд, - изҳор мекунад хонум Ҳайдарова. - Ҳамаи доруву дармони духтурон фармударо қабул доштам, аммо азбаски дар хонаи шавҳар корҳои вазнинтар: обу алафдиҳии гову бузу гӯсфандон, либосшӯӣ, руфтану тоза кардани хонаву оғил, аловмонӣ, хокистаргирӣ, нонпазиву хӯрокпазӣ ва ҳоказо фақат ба зиммаи ман буд, «Гап нашунавам» гуфта дар сардиҳои берун то шаб кор мекардам. Ба ҷойи сиҳат шудан бемориам шиддат гирифт. Сулфа мезадагӣ шудам ва ба тахтапушт нағз хобида наметавонистам.
Ин ҳолро дида Нуъмон (исми мустаор) - шавҳари Садбарг ӯро ба беморхонаи шаҳрӣ мебарад. «Касали сил шудааст. Ҳоло сари вақт аст. Зуд табобат кунед!», - мефармоянд табибон.

«Хушдоманаму хоҳарбузурги ҳамсарам аз шавҳарам талаб мекарданд, ки маро сар диҳад. «Аз ин хел зан фақат кӯдакони тиберкулёзи харобу мурданӣ таваллуд мешавад», - ба ҷойи табобат таъна мезаданд онҳо ва баъдтар розиям карданд, ки доруи пешгирии ҳомиладорӣ хӯрам. Нуъмон аз ман ҷудо шудан намехост. Бинобар ин модаршӯям худаш маро бо баҳонаи «Хабаргирӣ…» ба хонаамон бурда монд ва бо гузашти се моҳ шавҳарамро пешандоз карда, дар назди падару модарам аз ӯ талаб кард, ки талоқи маро диҳад. Шавҳарам «Не. Духтари ганда нест» гуфта чашмонаш ғарқи об шуданд. Зораҳои ман ҳам шояд таъсир накарданд, ки хушдоманам ҷониби писараш фарёд зад: «Агар сараш надиҳӣ, «оқ»-ат мекунам!» (Оқ (истилоҳи гуфторӣ) - аз баҳри касе гузаштан. - З. Ҳ.). Ва ӯ оқибат ба мақсадаш расид…», - афзуд Садбарг Ҳайдарова.

Хонандаи азиз, ба хотири пайвандёфти эҳтимолии ин ҷуфт, ки шояд рӯзе пеш ояд, мо аз суҳбат бо шавҳару модаршӯйи Садбарг истиҳола варзидем.
Дар ин росто, Фирӯза Ҷобирова, эксперт оид ба назорат ва баҳодиҳӣ дар филиали ташкилоти ГОПА, ки дар самти расонидани кӯмаки равоншиносию ҳуқуқӣ ба бонувон дар Тоҷикистон кор мебарад, баён кард: «Дар ин маврид оилаи Нуъмон ҳақ нест. Лекин мо наметавонем гӯем, ки Садбарг гунаҳкор аст ё хушдоманаш ё шавҳараш. Зеро пеш аз баҳо додан мо аввал бояд сабабҳои то ба ин ҳад расидани корро ҷӯё шавем».

Зимнан, роҳбарбонуе аз як ниҳоди давлатии кор бо занон ва оила бо шарти зикр накардани ном изҳор кард, ки ин амалро ба ҷуз бераҳмӣ чизе дигаре гуфтан нашояд. «Нафароне ҳастанд, ки келинро аз ҳисоби худ дар мактаби олӣ мехононанд, то ин ки вай соҳибмаълумот гардаду зиндагии ӯ ва писараш «обу ранг гирад». Охир келин ҳам фарзанд аст ва ба дарди кӯҳнааш дарди нав зам кардан на аз гӯшаи имондористу на аз рӯйи одамгарӣ», - изофа кард мусоҳиби мо.
– Ҳама медонад, ки муолиҷаи сил ройгон аст, - мегӯяд Файзигул Шарифова, коргари иҷтимоии ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз»-и вилояти Хатлон, ки феълан ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва маризии сил рабт дорад. - Табобати Садбарг барои хонаводаи шавҳараш чӣ мушкил дошт, ман намефаҳмам. Инро ба ҷуз зӯроварӣ дигар чизе наметавон гуфт. Вале агар Садбарг ҳуқуқҳояшро медонист, метавонист хушдоманашро ба ҷавобгарӣ бикашад».
– Дар ин гуна мавридҳо бисёртар ҳамон хушдоманҳо гунаҳкоранд, - изҳор дошт Саттор Қарахонов, рӯзноманигори собиқадор аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ки ба мавзӯъҳои хонаводагӣ таълифоти зиёде бахшидааст. - Чунки хушдоманҳое ҳастанд, ки бо баҳонаи «Келин бемор аст», аммо дар асл шояд аз аввал он духтарро хуш надошт, дар пеши писари худ ҳар гуна талаби ноҷо мегузорад. Вале шавҳари он ҷавонзан низ набояд гаправу каммасъулият мебуд, чунки дар урфият мегӯянд: «Бахт бахти аввал аст».
– Духтари касро, ки аз хонаат пеш кардӣ, пагоҳ духтаратро, набераатро аз хонаи шавҳараш пеш мекунанд. Аз ғазаби Худо тарсидан даркор!, - иброз намуд момои Гавҳар, сокини ноҳияи Хуросон. - Ман 4 келин дорам. Яктояш солҳои аввали арӯсӣ ду сол пайиҳам гирифтори бемории рӯҳӣ буд. Худамон муолиҷааш кардем. Нағз шуд. Соҳиби 2 писару 3 духтар гардид. Ду келини дигарам дар солҳои камии доруву дармон (Солҳои 90-уми асри ХХ дар назар аст. - З. Ҳ.) мубталои касалии зардпарвин шуданд. Ба ҳеҷ куҷо пешашон накардем. Шукри Худо, ҳозир ҳамаашон оилаи обод доранд.
Дар тақвияти суханҳои боло Сӯҳроб Камолов, сардухтури Маркази мубориза зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон, низ ироа намуд, ки аз мубталоёни сил набояд ноумед шуд, чунки он табобат дорад. «Агар ҳамин занро дар зери назорати табибони силшинос камобеш ду ҳафта муолиҷа мекарданд, микробҳои силангез маҳв мешуданд ва ӯ шифо меёфт», - изофа кард ӯ.

Ирфонуддин Шамсуддинов, имом-хатиби масҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳри Қӯрғонтеппа, ин қазияро аз диди ислом арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳолатҳое ҳастанд, ки зиндагиро бо завҷаат дигар номумкин мешуморӣ, аммо ҳатто дар ҳамон маврид ҳам шариат намегӯяд, ки талоқаш кун. «Зеро нафақаи зан, табобати ӯ бар гардани мард мисли намоз, рӯза, закот ва ҳаҷҷ фарз буда, дар худ савоб дорад. Ба ин маънӣ пайғамбар (с) гуфтаанд, ки барои ҳар як луқмае, ки мард ба даҳони занаш меандозад, аз ҷониби Парвардигор подоше мегирад», - изофа кард Шамсуддинов.

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ, раиси Суди шаҳри Қӯрғонтеппа, дар истинод ба моддаҳои 90 ва 91-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои ҳуқуқии мушкилоти Садбаргро ин тавр тафсир кард: «Агар зан дар давраи заношӯйӣ бемор шуда бошад, шавҳар уҳдадор аст, ки барои ӯ шароити табобат фароҳам орад ва пас аз ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ аз ҳисоби худ барои ҳамсараш алимент пардохт намояд».

Садбарг Ҳайдарова мегӯяд, ки бовар дорад шавҳараш пушаймон шудааст, чунки ӯро худ интихоб карда гирифта буд. «Аз чанги сил раҳидам, шифо ёфтам, аммо аз ғами зиндаҷудоӣ не… Барои Нуъмон тоқии гулдӯзӣ тайёр карда истодаам. Шояд дар рӯзҳои Наврӯз хонаи мо биояд…».
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)