Юсуфиён: Минбаъд қурбро дар ҳамаи нуқтаҳо Бонки Миллӣ муайян мекунад
Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, минбаъд қурби долларро дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар, аз ҷумла нуқтаҳои шахсӣ ҳам ниҳоди зертобеяшон муайян хоҳад кард.
Ӯ имрӯз, 13-уми март зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин иқдоми муваққатӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиистифодаи саррофон аз вазъи мавҷуда дар бозори нақд роҳандозӣ шудааст: “Мо муайян кардем, ки фарқ миёни нархи харид аз нархи фурӯш набояд аз ду сомонӣ зиёд бошад. Имрӯз нархи фурӯши доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 6,30 сомонӣ муайян шудааст. Саррофон ҳақ надоранд, долларро аз ин қиматтар фурӯшанд”.
Юсуфиён афзуд, ки феълан масъулини Бонки Миллӣ дар як рӯз се бор-саҳар, нисфирӯз ва бегоҳӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор санҷиш мегузаронанд, то саррофон ба таври сунъӣ қурбро боло набаранд: “Танҳо дар моҳи январ чор ҳолати қонуншикании саррофонро ба қайд гирифтем, ки аз рӯи онҳо парвандаи маъмурӣ таҳия шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст. Дар Тоҷикистон беш аз 1500 нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият доранд ва шояд ҳолатҳои сӯиистифодаи саррофон бештар бошад”.
Ӯ бо зикри ин илова кард, ки Бонки Миллӣ минбаъд на тариқи фурӯши доллар ба саррофон, балки тариқи бонкҳои тиҷоратӣ талош мекунад, қурби долларро дар бозори нақд муътадил нигоҳ дорад.
Муовини раиси Бонки Миллӣ дар маҷмуъ вазъи мавҷуда дар бозори нақди кишварро ба омилҳои берунӣ, аз ҷумла коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирон рабт дод, ки дар натиҷа воридоти доллар низ кам шудааст. Ӯ ҷанбаи дигари манфӣ ва таъсиррасонро ба қурби доллар таҳлукаи мардум хонд. Масъулини Бонки Миллӣ мардумро ба оромӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки таҳлука низ метавонад боиси ба таври сунъӣ боло бурдани қурби доллар шавад.
Ҷамшед Юсуфиён таъкид намуд, ки дар маҷмуъ нисбати дурнамои қурби пули миллӣ хушбин аст. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки ҳамарӯза барои устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбати доллару дигар асъор ба бозори нақд аз 1,5 то 3 миллион долларро ворид карда истодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |