Пайвастани беш аз 200 ҷангҷӯи узбак ба сафи “Толибон”
Мақомоти маҳаллии вилояти Форёби Афғонистон аз пайвастани 200 ҷангҷӯи узбакистонӣ ба сафи “Толибон” хабар додаанд.
Ҷовид Бедор, сухангӯи волии Форёб гуфтааст, бештари ин ҷангиён дар вулусволии Қайсор, ки аз ноамнтарин манотиқи вилоят ба шумор меояд, қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, Абдулҷамил Сидиқӣ, ҳокими вулусволии Қайсор аз ҳузури беш аз 100 хонаводаи узбакистонӣ ба вилояти Форёб хабар додааст. Ба гуфтаи ин мақомдори афғон ҷангиёни узбакистонӣ дар сохтани мина ва минкори кардани роҳҳо нақш доранд ва ҳамчунин дар ҷабҳа ба муқобили неруҳои давлатӣ меҷанганд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |