Бахшҳо
05 мар 2015 09:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Қирғизистон мегӯяд, то моҳи сентябр аз Тоҷикистон барқ мехарад

Мақомоти Қирғизистон тасмим доранд, шурӯъ аз моҳи апрели соли равон дубора аз Тоҷикистон нерӯи барқ харидорӣ кунанд.

Алексей Бородин, муовини раҳбари ширкати давлатии хатти нерӯи барқи Қирғизистон рӯзи 4 март дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир миёни Бишкек ва Душанбе барои азсаргирии интиқоли барқи Тоҷикистон ба кишвараш гуфтушунид идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат тасмим гирифтааст, аз моҳи апрел то моҳи сентябри соли равон аз Тоҷикистон барқ бихарад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” ҳарчанд аз ин гуфтушуниди Душанбею Бишкек изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, Тоҷикистон омодааст, ба ин ҳамсоякишвар дар фасли тобистон барқ фурӯшад: “Дар фасли тобистон Тоҷикистон тақрибан 3,5 то 4 миллиард киловат соат неруи барқи зиёдатӣ дораду барои он харидор меҷӯяд ва Қирғизистон тибқи барномаҳои ҳамасолаи худ дар ин давра обро дар обанбори Тохтагулаш захира карда, аз мо барқ мехарад”.

Соли 2014 низ Қирғизистон аз Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи барқ харидорӣ карда буд. Ҷоомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон он замон гуфт, тавонистаанд аз Тоҷикистон ба ивази 2 сентӣ нерӯи барқ бихаранд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барқро ба ивази 4-5 сентӣ мефурӯшанд. Оторбоев розигии ҳукуматашро аз нархи барқи Тоҷикистон баён карда, афзудааст, мақомоти тоҷик барои он ба ин нарх барқ мефурӯшанд, ки ҳамасола дар фасли тобистон обро бе истеҳсоли барқ аз обанборҳо холӣ мекунанд. Оторбоев таъкид намудааст, барқи аз хориҷа харидаашонро ба мардуми кишвараш ба ивази 1,5 сентӣ мефурӯшанд ва фарқиятро аз ҳисоби буҷа ҷуброн мекунанд.
Мӯҳр
бебарк
не не мо таерем бадаз интихобот сарфамо зиед шуд мефурушем болои корба ин мардуми дехоти дар рузхои интихобот ба мо \ххдт \овоз надодан акнун баинхо дигар барк намедихам инхо одат кардаги нархамо дар зимистон 1снт дар бахор 05сент мархамат бо эхтироми (шоди шабдолов)чопкун

Аъзам
Оббо!!! Ин тобистон хам дар шимол "лимит" мешудааст-дия. Соли гузашта хар руз аз ду то чор соат дар бо навбат минтакахои Б.Гафуровро "бебарк"мекарданд.Шиддат аз 180В боло набуд.Яхдонхо кор намекарданд.Хатти "Чануб-Шимол" имконияти муайян дорад ва чунин "нагрузка"ро дошт намедихад.Барои хамин мансабдорони мо халки худро бебарк гузошта ба хамсоя бо пули ночиз барк медиханд.ОФАРИН!!!!! Ба киргизхо 2 сент -ба халки худ 2,2 сент! Боз як бор ОФАРИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)