Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 28 ноябр 2020, 21:22

Исмонов: Дар як хона бобо як гап мегӯяд, падар як гап ва фарзанд гапи дигар

3 март 2015, 11:05

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфтанашро пешравии ҲДТ медонад.

Ӯ, ки дар ҳавзаи якмандатии Фархор, 34 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндаҳо буд, мегӯяд, бо 77,15 дарсади раъй пирӯз шудааст. Ҷаноби Исмонов дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар парлумон барои қабули қонунҳои ба хоҷагии қишлоқ вобаста ва паст кардани андозбандӣ талош хоҳад кард: “Аввал паст кардани сатҳи андозбандӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии истеҳсолкунандаи хурд ва таври фаврӣ васеъ кардани сохтори Тоҷикматлубот. Мо бояд давлати демократиро вобаста аз имкониятҳои хоҷагидорию муносибати мардум ба меҳнат ба тарзи худ созем ва дар асоси ҳамин иқтисоди давлатро асос гузорем”.

Оқои Исмонов ноком шудани номзадҳои дигари ҳизбаш дар ҳавзаҳои якмандатиро ба беатҷрибагии онҳо ва қавӣ будани рақибонашон рабт дод. Ӯ гуфт, “дар ягон ҳавзаи якмандатӣ касе нагузаштааст ва дар баробари симои хубу қаду қомат ва савод доштан, таҷриба низ муҳим будааст ва рақибони номзадҳои дигари мо бақуват буданд”.

Ба иттилои пешакӣ Ҳизби демократ аз ҳавзаи умумӣ ҳамагӣ 1,7 дарсад раъй ба даст овардааст. Раиси ҲДТ таъкид кард, аз баргузорӣ ва натоиҷи эълоннамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қаноатманданд ва ифтихор доранд, ки дар кишвари низомаш демократӣ ва ҳуқубунёд ба сар мебаранд: “Ҷомеаи мо раванди демократӣ дорад ва давлати мо давлати демократии ҳуқуқбунёд аст ва аз ин ифтихор дорем”.

Ба гуфтаи ӯ, сохтани як ҷомеаи демократӣ давоми 10 ё 15 сол имкон надорад: “Баъзе аз камбудиҳо ҳастанд, аммо мо ҷомеаи демократиро дар 10-15 сол сохта наметавонем. Бархеҳо баъзе хулосаҳое мебароранд, ки мехоҳанд, мардуми моро дар сатҳи шаҳрвандони Амрикову Фаронса ва Аврупо бинанд. Мехоҳанд, ки аҳзоби сиёсиро дар сатҳи ҳизбҳои ин кишварҳо бинанд. Вале бояд гуфт, ки мардуму ҳизбҳои мо барои дар сатҳи онҳо шудан боз 20 ё 50 сол даркор аст. Дини мову таърих ва фарҳанги мо дигар аст. Ҳоло се насли мо ҳамфикру ақида нест. Дар як хона бобо як гап мегӯяд, падар як гап ва фарзанд гапи дигар”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои шумо барор, вале ман бовари дорам аз дастатон ягон кор намеояд. Ин ваъда ва суханхои барои бехбуди намудани сатхи андозбандиро Худо хохад баъд аз як соли фаъолиятатон бахо медихем.
Посух додан
  • дарвеш

  • 3 март 2015 11:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бобо фикри солим дошта бошад хатман падару фарзанд гуш мекунанд
Посух додан
  • Юсуф

  • 3 март 2015 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чунки дар Амрикову (Фаронса) Аврупо Бобо як гап мегуяд, падар як гап, писар як гап, духтар як гапи дигар, модар бошад баръакси хамаи инхо гап мезанад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои он ки сиесати дарунию берунаро намефахманд. барои ин онхоро омузонидан лозим аст ва бо кор таъмин кардан даркор аст, набошад ин хаос аст.
Посух додан
  • Tojik

  • 3 март 2015 13:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба худат барои демократ шудан 50 сол лозим аст. Мардуми мо аз Аврупою Амрико ягон фарк надорад.
Посух додан
  • душанбегӣ

  • 3 март 2015 14:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tojik, бо ин суханонат мувофиқам.
Кӣ ба инҳо иҷзоат додааст, ки ин суханҳои подарҳаво гӯянд. Ин чӣ таҳқир нисбати миллат аст, "мардуму ҳизбҳои мо барои дар сатҳи онҳо шудан боз 20 ё 50 сол даркор аст" номаъқул кардӣ бо ин суханҳоят. Дигараш он аст, ки ту демократияро бо беҳунарӣ омехта накун. Ва фаромӯш насоз, ки парламент на танҳо мақоми қонунгузор, балки пеш аз ҳама мақоми олии намояндагӣ аст, бо мардум ин гуна сухан назан.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар 10 -15 сол на танҳо ҷомеаи демократӣ балки иқтисодиёти наву давлати нав сохтан мумкин аст, агар ирода бошад, барои ҳамин каме таҷрибаи дигаронро мутолиа намо, демократ.
Посух додан
  • Демократ

  • 3 март 2015 16:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо Чаноб бо иштибох ин курсиро гирифтед. ман худам шохидам, ки баъзе мардум хизби шуморо бо Халки демократи хато як донистанд ва ба шумо овоз доданд
Посух додан
  • Валӣ

  • 3 март 2015 16:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
яъне ин мард нав фаҳмид ки қаду қомат ва чеҳраи зебо муҳим набуда балки саводу таҷруба лозим аст
ана бо ин сатҳи фикрӣ ин одам ба парламент рафт !!!!!!!!
Посух додан
  • NEKRUZ

  • 3 март 2015 16:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як сценарияи пешаки тайёр намудаи Хукумат аст - якчанд намояндаи хизбхои киссаги дар парлумон чой ёбанд.
Посух додан
  • Darvesh

  • 3 март 2015 16:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Afsonahoi khalqi Tojik muhtaram Ismonov!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э саломат бошед мухтарам Исмонофф!
о ин хел тарбияву ин хел рафтор аз кучо омад охир? О ин хел набуд дар хаету кору бор. оташа гуш намекуна, холи ку бобош як тараф.
Посух додан
  • Фархори

  • 3 март 2015 18:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шуморо дар Фархор интихоб накардаанд, хами хукумат шуморо таъин кард ва бо суханхои пучу бемулохизаат шарафи мардуми Фархорро паст назан. Намешавад, ки дигар мухри хомуширо дар дахонат халка зани? О аз донишу аз андеша хеле окибмондаи-ку!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ана сар шуд, ин гап, нестай дар хонахое ки бо тарбияву бо таквоян. То рузи ки БОБО хаст, гап гапи бобо, то хол ки падар хап меиста. Э товба кардам Парвардигор, хамин хел мешудай, агар дар як хона хама ТУ боша!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!