Бахшҳо
01 мар 2015 18:47Ҳуқуқи инсон

Хушунат: Гулрӯй бо се фарзанд куҷо равад? (ВИДЕО)

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА

Гулрӯй, як ҷавонзани тоҷик мегӯяд, ки пас 9 соли зиндагӣ бо ҳамсараш, хусуру бародарони шавҳараш Исмоил Саломов ӯро бо 3 фарзанд аз хона пеш карда истодаанд. Ба қавли ӯ, онҳо гуфтаанд, ки «ба хонаи волидайнаш биравад, дар ин хона ба ӯ ҷой нест». Ӯ феълан намедонад ба куҷо равад ва чӣ кор кунад.


Шикояти мардҳо аз занҳо

Кумитаи кор бо занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯяд, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди ин гуна нафарон дар кишвар хело зиёд гардидааст. Бо назардошти вазъи зиндагӣ, онҳо аз тарафи хусур, хушдоман ё шавҳар хушунат мебинанд. Ба ибрози масъулини ин ниҳод, ҳар нафаре, ки бо ин мушкил ба Кумита муроҷиат мекунад, ба ӯ маслиҳат медиҳанд. Роҳбари Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова мегӯяд, ки соли гузашта (2014) 1600 нафар мардон бо шикоят аз мушкилоти оилавӣ, аз ҷумла масъалаҳои зӯроварӣ аз ҷониби занон ба марказҳои иттилоотиву машваратии Кумита муроҷиат намудаанд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба марказҳои аз ҷониби Кумита таъсисдодашуда дар маҷмӯъ 8,5 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва боз 122 нафар тариқи хаттӣ бо арзу шикоят муроҷиат кардаанд, ки 56 нафари тариқи хаттӣ муроҷиаткарда мардон будаанд.
- Мардон асосан бо арзу шикояти ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати онҳо аз ҷониби занон, таъмини занону духтаронашон бо ҷойи корӣ, машварат ҷиҳати ҳалли мушкилот дар оила муроҷиат мекунанд,- иброз дошт Хидирова.
Зимнан, зикр гардид, ки қонуни қаблан дар Тоҷикистон қабулшуда «Дар бораи зӯроварӣ нисбати занон» бинобар сабаби афзоиши муроҷиати мардон дар робита ба ин масъала, ба қонун «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» табдили ном кард.



Раванди ташвишовар

- Гулрӯй Нурова, сокини ноҳияи Шаҳринав, соли 2005 бо Исмоил Саломов оила барпо намуда, тӯли 9 соли зиндагияшон соҳиби 3 фарзанд - 2 духтар ва як писар мегарданд. Шавҳараш 3-юми декабри соли 2014 дар ҳолати майзадагӣ омадаву Гулрӯйро талоқ медиҳад. Феълан додару бародарони шавҳараш бо сабабе, ки Исмоил Саломов рӯзгори хонаро пеш намебарад ва дар ягон ҷой кор намекунад, инчунин тариқи динӣ Гулрӯйро талоқ кардааст, ӯро аз хона пеш намуда истодаанд, то бо се фарзанд ба хонаи волидайнаш равад,- мегӯяд адвокати Коллегияи адвокатҳои “Сипар” Орифи Султон.
Инчунин, адвокат илова намуд, ки «феълан зерҳимояи ман намедонад ба куҷо равад бо се фарзандаш. Айни замон парвандаи мазкур барои гирифтани алимент дар Суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дорад. Мушкили кор дар суд он гардидааст, ки Гулрӯйро шавҳараш Исмоил Саломов ҳатто барои гирифтани як шаҳодатнома қадр нанамудааст, ки арзишаш солҳои пеш 9 сомонӣ буду феълан 50 сомонӣ аст. Ӯ бо насаби худаш ба қайд гирифта шудааст. Шавҳараш аз ин истифода бурда, аз ҷавобгарӣ худро дур кашиданист».

Ба гуфтаи ӯ хушунату зӯроварӣ имрӯзҳо дар муҳити хонаводагии мардуми тоҷик хело зиёд ба чашм мерасад ва онро яке аз масъалаҳои доғи рӯз номидан мумкин аст: «Ин раванд мо адвокатоҳоро ба ташвиш овардааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин хушунат нисбат ба зан, келин ва ҳамсар аз ҷониби хушдоман, хусур, шавҳар ва додарони шавҳар мебошад».

Аз қадр то беқадрӣ

Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ мегӯяд, ки сабаби асосии зиёд гардидани хушунати оилавӣ дар кишвар ин надоштани фарҳанги оиладорӣ мебошад.
- Вақте одамон намедонанд оила чист, то чи андоза оила бояд устувор бошад, рисолати оила чист, ин гуна оила арзиш ҳам надорад дар назари ман. Агар мо ягон чизро қимат ба даст наорему барои худамон арзиши баланд надошта бошад, онро ҳимоя намекунем. Оила барояшон чизи қимат ки нест, андеша намекунанд. Пеш аз ранҷонидан ва даст бардоштану дашном кардан ва аз хона рондан, одам бояд донад, ки бо кӣ ин муносибатро раво мебинад. Агар мо ягон чизи қимат дошта бошем, онро бисёр эҳтиёт мекунем. Агар ҳамсар барои мо каси қимат набошад, зери пояш мекунем. Бадбахтии ҷомеаи мо ҳам имрӯз дар он аст, ки инсон барои инсон қадр надорад ва чи будани инсонро бархе дарк намекунанд,- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи М. Давлатова, «роҳи ҳалли ин мушкил ҳамон суханест, ки ҳазрати Муҳаммад (с) гуфта буд ва Лелинбобо дар давраи мо такрор кардааст, яъне омӯзиш. Ба мардум маърифати оиладорӣ ва чӣ будани оиларо фаҳмонидан лозим, то онҳо донанд, ки оила ҷойи муқаддас аст, ҷойе, ки инсон дар он таваллуд мешавад ва мемирад. Инсон хона ва бистарашро ҳамеша покиза нигоҳ медорад ва оила ҳамон хонаву бистар мебошад. Аъзои оила бошанд, дару деворе ҳисоб мешаванд, ки вақте инсон инро медонад, ба қадраш мерасад. Барои ҳамин, аз боғча сар карда, то муассисаҳо бояд дар шакли васеъ омӯзишҳо ташкил карда шаванд».

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки яке аз сабабҳои зиёд гардидани хушунат дар кишвар ҳамин мақоли мардумист: «Рӯзгор ойнаро мӯҳтоҷи хокистар кунад».
- Феълан, дар ҷомеаи имрӯза носолим будани оила ва вазъи мушкили зиндагӣ ба хушунати оилавӣ оварда мерасонад. Дуюм, тарбияи хуб надоштан аз мактаби миёнаву оила сар карда, то хонадор шудани ҷавонон мебошад. Шароите, ки имрӯз дар мардуми мо ҳаст барои рӯзгузаронӣ, ин ҳам бе таъсир намемонад. Ва чанд мушкили дигар, ба мисли ҷойи кору маоши хуб надоштан ба ҷангу ҷанҷолу хушунати оилавӣ оварда мерасонад,- афзуд ӯ.
Ба андешаи ҳамсӯҳбатамон, барои ҳалли ин масъала бояд аввалан дар зиндагӣ ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Баъдан, бояд барои мардуми кишвар ҷои кор ва шароити беҳтар муҳайё намуд, то зиндагиашонро пеш баранд. Боз, тарбияи падару модар ба фарзадҳояшон дар оила мавқеи асосиро мебозад.

Мард ҳуқуқи хушунат кардан надорад

Имомхатиби масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Чортут»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдураҳмонов Абдулло мегӯяд, ки яке омилҳои зиёд гардидани хушунати оилавӣ дар кишвар - ин омӯзиш надодани ҷавонон барои дарки чи гуна дар оила муносибат доштан аст. Ба гуфтаи ӯ, аз нигоҳи ислом, вақте ки як нафар оиладор мешавад, бояд бо ҳамсари ояндааш шиносоӣ дошта бошад. Ба он хотир, ки дар оянда зиндагии хубе дошта бошанд.
- Вақте ба кишварҳои хориҷа таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки онҳо барои барпо кардани оила курсҳои махсуси омӯзиши тарзи оиладориро байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Дар кишварҳои хориҷа он ҷавоне, ки оила барпо мекунад, шаш моҳ пешакӣ курси махсуси омӯзиши оиладорӣ мегузарад, тарзи зиндагӣ ва тарзи оиладориро меомӯзад. Ман фикр мекунам, ки дар ҷомеаи мо мисли кишварҳои хориҷа курси омӯзиши оиладорӣ ва хонадорӣ бояд ташкил карда шавад. Зеро, вақте ҷавонони мо таълим мегиранд, беҳтар аст,- мегӯяд ӯ.

А. Абдураҳмонов афзуд: «Дар ислом гуфта шудааст, ки зан агар ягон айб надошта бошад, аз диди ислом, мард ҳуқуқи хушунат, яъне латукӯб кардани ӯро надорад. Феълан дар ҷомеа баъзе нафаронеро мебинем, ки занашонро хушунат ва таҳқир мекунад. Аслан, дар ислом ҳам чунин ҳуқуқро надоранд. Барои мисол, як нафар аз ноҳияи Қӯрғонтеппа ба ман занг зада гуфт, ки «келинамон бо мо нописандӣ мекунад, чӣ кор кунем?». Вақте пурсидам, ки пеш аз ҷавоби келинатонро додани писаратон ягон бор ба ӯ китобҳои исломиеро, ки тарзи эҳтироми шавҳару падару модар гуфта шудааст, ё китоби муқаддаси Қуръонро, ки бо забони кирилӣ аз чоп баромадааст, тӯҳфа кардед?», он нафар не гуфт. Ҳол он ки, айни замон дар мо китобҳое пур аз ахлоқи ҳамида дастрас аст. Китобҳое, ки дар бораи эҳтироми шавҳар ва эҳтироми падару модар мебошанд. Пас, агар мо ҷавононро тарбия накунем, нафаҳмонем, ки эҳтироми шавҳар, падару модар чист, чӣ кор мекунем? Роҳи ҳал дар талоқ кардан нест. Роҳи ҳал дар он аст, ки мо аввалан ба онҳо омӯзиши муносибат бо шавҳару падару модарро диҳем».

Ҳуқуқношиносӣ

Ба гуфтаи раиси Суди ноҳияи Ёвон Ализода Шодмон, тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар бисёр мавридҳо никоҳҳои бекоршуда ва хушунат ба оила дар давраи муҳоҷирати меҳнатии мардон ба хориҷи кишвар рост меояд. Дигар аз сабабу шароитҳои бекоршавии никоҳҳо ин таъсири манфии калонсолон, хусусан падару модарон ва хусуру хушдоманҳост Онҳо бисёр вақт ҷавононро, ки ҳоло ба ҳаёти мустақилона тайёр нестанд, ба ҷои дастгирӣ кардан, зиндагиашонро талху ноором месозанд ва оилавайрон менамоянд. Дар ҳоле, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад (моддаи 33,
Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2014-ум мувофиқи маълумоти шӯъбаи САҲШ, дар ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 2509 никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давра бошад, ба Суди ноҳияи Ёвон 245 аризаи даъвогӣ вобаста ба бекор кардани никоҳ ворид шуда, ҳамагӣ 151 никоҳ бекор карда шудааст, ки баробари 6 % никоҳҳои бақайдгирифташуда мебошад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки бекоршавии никоҳҳо дар байни ҷавонон ва навхонадоршудагон зиёд аст.
- Тибқи таҳлилҳои таҷрибаи судӣ, омилҳо тайёр набудани ҷавонон ба оиладоршавӣ, камтаҷрибагии онҳо ва надонистани ҳуқуқҳои худашон мебошад. Инчунин, сабаби пайдоиши хушунати оилавӣ таъсири манфии калонсолон, махсусан падару модар ва хусуру хушдоман ба навхонадоршудагон аст. Бекоршавии зиёди никоҳро дар сурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тайёр намудани ҷавонон ба оиладоршавӣ ва ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти занушавҳарии онҳо пешгирӣ кардан мумкин аст,- афзуд ӯ.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2014-ум 9 ҳазору 132 ҳодисаи азҳампошии оилаҳо (талоқ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 938 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2013 мебошад.
- Сабабҳои аслии ҷудошавии оилаҳо сатҳи нокофии маърифату огаҳии ҷавонон аз масоили оиладорӣ ва дахолати падару модарон ба ҳаёти оилавии фарзандон аст,- мегӯяд роҳбари Кумита М. Хидирова.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)