Иттилои сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскаву Минск аз ҷараёни интихоботи парлумонӣ
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, иштироки тоҷикони муқими ин кишвар дар интихоботи парлумонӣ таҳти назорати нозирони байналмилалӣ ва намояндаҳои аҳзоби сиёсии кишвар ҷараён дорад.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, раъйдиҳӣ дар участкаи интихоботии воқеъ дар бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав соати 6:00 субҳ шурӯъ гардида, тоҷикони муқими ин минтақа ба таври фаъол дар он иштирок доранд. Ба иттилои манбаъ, раҳбарии Комиссияи интихоботӣ дар участкаи овоздиҳии мазкурро Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бар зимма дорад ва раванди раъйдиҳӣ аз сӯи корманди масъули Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва шахсони боэътимоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - Илҳомҷон Ёқубов ва Фарҳод Одинаев назорат мешавад.
Сафорат меафзояд, чунин нуқтаи овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Уфа ва Екатеринбурги Русия низ ташкил ва раъйдиҳӣ дар онҳо идома дорад. Ҳамзамон, масъулини сафорати Тоҷикистон дар Белорус низ аз идомаи маъракаи овоздиҳӣ дар шаҳри Минск хабар медиҳанд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорат, раванди раъйдиҳӣ соати 6:00-и субҳи 1 март таҳти раҳбарии намояндагони парлумони Беларус, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар участкаи интихоботии 56/4, воқеъ дар бинои сафорат оғоз шудааст. Манбаъ мегӯяд, раҳбарии Комиссияи интихоботӣ дар ин участкаро Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Минск бар уҳда дошта, овоздиҳӣ то соати 20:00 ба вақти Минск идома хоҳад ёфт: “Дар шаҳри Минск дар интихобот 4 нафаре иштирок менамоянд, ки имсол ба синни 18-солагӣ расидаанд ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |