Парванда алайҳи тоҷики 33-сола барои дастдарозӣ ба дугонаи занаш
Мақомоти тафтишотии Петропавловск-Камчатск алайҳи шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон ба иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Тибқи иттилои тафтишот 17-уми феврали соли равон, ҳамсари нафари муттаҳам дугона ва фарзанди хурдсолашро ба меҳмонӣ даъват кардааст: “Бегоҳ вақте меҳмон таксӣ даъват намуда, нияти ба хона рафтан доштааст, шавҳари дугонааш пешниҳод намудааст, ки то хона ӯро гусел кунаду барои бурдани фарзанди хобидааш кӯмак намояд. Вақте ба хона мерасанд, муттаҳам фарзанди хурдсолро ба ҷойгаҳ бурда, ба модараш пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад. Ӯ сарфи назар аз посухи рад, аз набудани шавҳар дар хона истифода карда, бо зӯрӣ ба номуси зан таҷовуз намудааст”.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҷабрдида қазияро ба шавҳараш нақл мекунад ва ӯ ба пулис муроҷиат мекунад: “Феълан таҳқиқи ҷузъиёти ин қазия идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |