Бахшҳо

Муноқишаи волидон бо куштори духтари навзод анҷомид

Мақомоти пулиси Ёқутистон аз ҷинояти мудҳиши шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки гӯиё 13 феврали соли равон дар пайи муноқиша бо ҳамсараш духтарчаи думоҳаашро куштааст.

Тибқи иттилои манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки Содиқ, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон аз соли 2013-юм дар Нерюнгрии Ёқутистон иқомат дошта, тайи як соли охир бо як зани тоҷикистонӣ дар ақди никоҳ будааст: “Ҳамсараш тайи ин муддат соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст ва ду моҳ пеш соҳиби духтарча мешаванд. Аммо муносибатҳо дар оила бад мешаванд ва ҳамсари Содиқ изҳор доштааст, ки аз ӯ ҷудо мешавад ва духтарчаро низ бо худ хоҳад бурд”.

Аммо Содиқ, ки асосан сохтмону бозорҳо кор мекардааст, аз ин нияти занаш норозӣ шуда, рӯзи 13-уми феврал замоне, ки ҳамсараш ба мағоза рафтааст, духтарчаи думоҳаи худро 6 корд мезанад: “Ҳамсари Содиқ баъди бозгашт ва дидани ҳол дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ мешавад. Худи Содиқ дар хона маъмурини пулисро интизор шуда, далели шайъиро ба онҳо ироа кардааст”.

Ба иттилои маъмурини пулис Содиқ ба онҳо изҳор доштааст, ки ба ҳамин васила хостаст, аз ҳамсараш қасос гираду духтарашро ба дасти ӯ надиҳад: “Феълан алайҳи ин ҷавони тоҷик ба иттиҳоми куштори тифл, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои муттаҳам ташхиси равонӣ таъин шудааст”.

Иттиҳоме, ки аз рӯи он алайҳи Содиқ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, ҷазо дар шакли ҳабси якумраро пешбинӣ кардааст.
Мӯҳр
Дахшат
миллати парешону асабхароб, вахшатзадаву дахшатзада, бемору сарукалобагумкардаи мухочири сарвайрону саргардон!

Духтараки бегунохаки навзода кушти! Кадами нопокат харгиз хоки Точикистонро олуда накунад. Омин!

Шахрванд
Бадбахт хаминхел берахм будаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)