Бахшҳо

“Ақибнишинӣ”-и се рақиби Исмонов: Шонсам хеле ва хеле зиёд шуд!

Се рақиби Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон аз идомаи рақобат дар интихоботи парлумонӣ даст кашида, номзадияшонро ба парлумон аз ҳавзаи якмандатии рақами 34-и ноҳияи Фархор бозпас гирифтаанд.

Масъулини ин ҳавза мегӯянд, аз ҷумла Нуриддин Азаматов – номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Сафаралӣ Шарифов – номзад аз Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикистон ва Мавлонбӣ Тӯраева – номзади худпешбар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи рақами 34-и Фархор номзадии худро бозпас гирифтаанд.

Феълан дар ин ҳавза барои дарёфти курсӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон се номзади дигар, Саидҷаъфар Исмонов – раиси Ҳизби демократӣ (ҲДТ), Зайниддин Юсуфов, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Юсуфхон Сайфиддинов, ки худпешбар аст, рақобат хоҳанд кард.
Дар шарҳи “ақибнишинӣ”-и рақибонаш Сайидҷаъфар Исмонов, раиси ҲДТ рӯзи 23 феврал ба “Озодагон” гуфт, бо даст кашидани намояндаи ҲХДТ ва ҲАТ имконияти ӯ барои дарёфти курсӣ дар парлумон бештар хоҳад шуд: “Мо бо Сафаралӣ Шарифов дар як мактаб хонда дар як ҷамоат ба воя расидаем ва агар ин нафар ва намояндаи ҲАТ номзадиашонро гирифта бошанд, шонси ман хеле ва хеле бештар мешавад”.

Дар ҳавзаи якмандатаи рақами 34-и Фархор 11 ҳазору 732 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин нишондод танҳо 1 ҳазору 908 нафар нахустин бор пой ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ мегузоранд ва 9 ҳазору 590 нафари дигари интихобкунандагон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Мӯҳр
Фархор
Хатман аз хаминчо Саидчафар вакил мешавад, вале ин супориши аст бадбахтона ва он нафархо фахмиданд ки агар раъй хам гиранд бояд Саидчафар пируз эълон шавад пеш аз шармандаги номзадиашонро гирифтанд. пешаки муборак бошад курсии парлумон вале агар кисаги бошед Худо хидоятатон кунад.

чинди
"Хосил"-и Интихобот-2013! ! !

Тахлил
Интихоби Исмонов ба маънои "бисёрхизби" шудани парлумон ва якто кам шудани номзадхои ХНИТ аст

Холид
Право накун Сайидчаьфари чун хизби демократа пора пора пора пора карди хатман мегузари хаки хизматда!!!!!

Демократ
Ин хизмати Амрохон Сафаров, Рачаби Мирзо, Мамлакат Чайчиева, Сайрахмони чу, Файзулло-аком мебошад. Файзулло-ако ба ивази хизматаш дар ХСДТ чой гирифт. Ин нафарон котили демократ ва ХДТ мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)