Бахшҳо

Андозҳои миллиардери русро ба дӯши ТАЛКО вогузоштанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои даст ёфтан ба оштӣ миёни корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО ва ширкатҳои наздик ба “РусАЛ”-и Русия қарзҳои андозии ширкати “Созидание”-ро дар Тоҷикистон ба дӯши ТАЛКО вогузор кардааст.

Дар қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба созиш миёни ТАЛКО ва корхонаҳои марбут ба РусАЛ-и Олег Дерипаска, миллиардери рус равона шудааст, “ТАЛКО” муваззаф гардида, қарзҳои андозии ширкати “Созидание”-ро дар назди буҷаи Тоҷикистон, ки беш за 322 миллион сомониро ташкил медиҳанд, пардохт кунад. Ширкати “Созидание” низ ба Олег Дерипаска марбут дониста мешавад, ки дар Душанбе меҳмонхонаи “Хайят Реҷенсӣ” ва як маҷмааи соҳибкории “Созидание”-ро дорад.

Масъули имзои ин тарҳи созиш аз ҷониби Тоҷикистон мудири молии ТАЛКО таъин гардида ва таъкид шудааст, дар сурати нақзи тавофуқот қарори марбутаи ҳукумат низ беэътибор дониста хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин қарори ҳукумат муътадилии вазъи молӣ ва тавлидот дар корхонаи ТАЛКО арзёбӣ шудааст.

Ин пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки ширкатҳои наздик ба РусАЛ алайҳи ТАЛКО тайи қариб 7 соли охир даъвои додгоҳӣ доштанд ва дар чанд мурофиаҳои байналмилалӣ низ гӯиё ғолиб омадаанд. РусАЛ қаблан эълон кард, аз дар баҳси додгоҳӣ бо ширкатҳои наздики ТАЛКО ғолиб омадааст, аммо ТАЛКО пардохти 70 миллион доллар ҷуброни нақзи қарордод бо ширкатҳои зертобеи РусАЛ-ро ба таъхир андохтааст. РусАЛ ҳушдор дода буд, ки дар сурати таъхири пардохти маблағҳо асрори ТАЛКО, аз ҷумла суратҳисобҳои марбут ба ин корхонаро дар минтақаҳои офшорӣ ошкор хоҳад кард. Масъулини РусАЛ таъкид карда буданд, ки аз даъво алайҳи ТАЛКО даст нахоҳанд кашид, магар ин, ки аз Кремл дар ин бора дастуре нашавад.

Ин ҳушдорҳо дар ҳоле буданд, ки охири тобистони соли 2014 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ширкати “Созидание”-ро муваззаф кард, ба Кумитаи андози кишвар 322 миллион сомонӣ бисупорад. Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ин пулест, ки дар пайи тафтиши фаъолияти ширкати “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 ошкор шудааст.

Бархе аз соҳибназарон санҷиши ширкати “Созидание”-ро супоришӣ ва як навъ посух ба “Русал”-у Олег Дерипаска хонданд, ки алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО иқдом намуда, маблағҳои ҳангуфтро талаб карданд.

Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, ки расман ширкати “Созидание” ба Русия ягон иртибот надорад: “Мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и ҷумҳурии Кипр, мебошад, ки ба Русия алоқамандии ҳуқуқӣ надорад”.
Мӯҳр
хАй и Русал бо чи накшахои найрангу фиребгаро дошта бошад. Саг аз хурдани у немемонад Талко аз фиребкуни. Барои хамин хушёр шудан лозим.

таджик
У меня просто нет слов, как долг другой компании можно перекладывать на другую компанию.
РусАЛ ҳушдор дода буд, ки дар сурати таъхири пардохти маблағҳо асрори ТАЛКО, аз ҷумла суратҳисобҳои марбут ба ин корхонаро дар минтақаҳои офшорӣ ошкор хоҳад кард.
Это ключевое предложение в этой информации.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)