Даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз нахуствазири Миср
Интизор меравад Иброҳим Маҳлаб, сарвазири Миср дар доираи як сафар вориди шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон шавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии кишвар, Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар шаҳри Қоҳира рӯзи 16 феврал бо Ёсир Мурод, муовини вазири умури хориҷии Миср мулоқот кардааст. Манбаъ мегӯяд, Нозирӣ дар ин мулоқот даъватномаи ҷониби Тоҷикистон ба унвони сарвазири Миср - Иброҳим Маҳлабро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни соли 2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 баргузор хоҳад гардид, расонидааст.
Муовини вазири умури хориҷии Миср дар навбати худ нақши Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ дар арсаи байналмилалиро муҳим хонда, таъкид намудааст, кишвараш ният дорад дар Конфронси Душанбе дар сатҳи баланди шоиста ва ба таври фаъол иштирок кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |