Бахшҳо

Ташкили нуқтаи овоздиҳӣ дар масҷид ва эътирози КМИР (ВИДЕО)

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ташкили нуқтаи овоздиҳиро дар масҷид мавриди интиқод қарор дод.

Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ рӯзи 17 феврал дар суҳбат бо “Озодагон” аз ташкили участкаи интихоботӣ дар яке аз масоҷиди ноҳияи Қумсангир ибрози беиттилоӣ карда, гуфт, онҳо ҳаргиз ба ин иҷоза нахоҳанд дод: “Дар ягон гӯшаву канори Тоҷикистон мо дар масҷид ҳавза ё участкаи интихоботӣ накушодаем. Ҳарчанд дар ин бора чизе дар қонунгузорӣ гуфта нашудааст, вале мо ба ин иҷоза намедиҳем, мумкин нест. Дин аз давлат ҷудо аст ва масҷид макони розу ниёз аст.”

Ин дар ҳолест, ки Маҳмудҷон Файзраҳмонов, номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи Қумсангир аз ташкили нуқтаи овоздиҳӣ дар масҷид хабар дод. Ӯ инчунин навореро аз участкаи интихоботии рақами 24 нашр намуд, ки дар он дида мешавад дар масҷиди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Қумсангир нуқтаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.

Тибқи моддаи 8-и қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, “участкаҳои интихобот дар санаторияву хонаҳои истироҳат, беморхонаҳо ва табобатгоҳҳои дигари доимӣ, дар ноҳияҳои дурдасту душворгузари маҳаллӣ, маҳалли сукунати шаҳрвандон ташкил шуда метавонанд.” Аммо бар асоси моддаи 11-и қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-и Тоҷикистон, “масҷид иттиҳоди ихтиёрии мусулмонон бо мақсади анҷом додани намоз ва қонеъ гардонидани дигар эҳтиёҷоти динӣ, инчунин намозгоҳи ҷамъиятии исломӣ бо таъиноти умумидиёнатӣ мебошад”.


Мӯҳр
Хавза
Ин участкаро ХХДТ кушодааст, чунки хамаи раисону аъзои участкахо ва хавзахо аз ХХДТ хастанд, ва участкахо бо дастур ва ичозаи макомоти хокимияти ичроияи давлатии хар нохия ташкил карда мешавад, ки онхо низ аз ХХДТ хастанд, барои чи тарики Тв давлати конуншикании ХХДТ ро эълон намекунед, метарсам хаминро хам ба гардани ХНИТ бор мекунед!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Ачаб давру замонае??? дар дари масчид рекламаи номзад аз ХХДТ зада шуда дар масчид таблиг мекунанд??? агар ин корро ХНИТ мекард хатман амният филм гирифта ва КМИР дастур медод аз тарики ТВ онро нишон диханд. Аммо дар мукобили конуншиканихои ХХДТ хомуш???????????????

Вокеан хам масчид чои тоату ибодат аст, на макони таргиботу ташвикот ва баргузории маъракахои сифр сиёси. Аз ин лихоз бехтар мебуд, агар интихобот дар чои ба тамоми интихобкунандагон кобили кабул багузор мегардид.

Saif
Ба фикрам макомоти ичроияи нохияи Кумсангир хост рейтинги худро бо ин рох бардорад, ки НАШУД...))) Чунки айни хол агар бихохи дар бораи ту нависанд, коре ё суханеро бар зидди Исломро бигу!!

дилам ба ХНИТ сухт, ман хатман ба онхо овоз хохам дод.

ВОКУНИШ
Санаи 17 феврали соли 2015 дар шабакаи интернети «Ozodagon.tj» маводи танќидие бо номи нуќтаи овоздињии интихобот дар масљиди панљваќта бо эътирози КМИР Љумњурии Тољикистон рўи чоп омадааст. Љаноби маќоланавис ќабл аз оне, ки маќоларо рўи чоп меовард, бояд аз пањлуњои њуќуќии ин бино хуб огоњ мешуд, ки ин бино дар њаќиќат масљиди панљваќта њаст ё на.
Мо масъулини дахлдори зерин аз љумла мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеа, мудири бахш оид ба корњои дин, раиси Комиссияи ноњиявии интихобот оид ба интихоботи Маљлиси вакилони халќи ноњияи Ќумсангир ва раиси Комиссияи њавзавии интихоботии Ќумсангир № 33 оид ба интихоботи вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар атрофи ин маводи танќидї гуфтанием, ки масљидњои панљваќта ќабл аз фаъолият, тибќи ќонунгузории мављуда аз ќайди бањисобгирии давлатї ва ташхиси динї гузашта, соњиби шањодатнома ва хулосаи ташхиси динї гашта ва баъдан дар асоси Низомномаи тасдиќшуда фаъолияти худро ба роњ мемонанд.
Њол он ки ин бино аз даврањои собиќ Иттињоди Шуравї то њол њамчун чойхонаи фароѓатї барои гузаронидани маъракањо ва маросимњои ањли дења истифода бурда шуда истодааст. Фаќат як ќисмати ин бино бо тарњи замонавии шарќиёна аз љониби сокинони дењаи «Пахтакор»-и Љамоати дењоти Ќумсангир ба тариќи њашар аз нав сохта шуда истодааст, ки дар навори маќолаи мазкур акси њамон бино сабт гардидааст.
Мо масъулини соња хуб медонем, ки на моддаи 11, балки мутобиќи моддаи 5, ќисми 3, зербандњои 3 ва 4-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» иттињодияњои динї дар интихобот иштирок намекунанд ва дар фаъолияти њизбњои сиёсї ва њаракатњои сиёсї иштирок накарда, ба онњо кўмакњои моддї ва дигар кўмакњо намерасонанд.
Ба маълумоти љаноби даъвоњои беасосдошта мерасонем, ки дар ноњияи Ќумсангир 64 масљиди панљваќта, 6 масљиди љомеъ ва 1 љамоатхонаи динї ба таври расмї, тибќи талаботу муќаррароти дахлдори амалкунанда фаъолият доранд ва то њол аз љониби ин масъулини иттињодияњои динї доир ба маъракаи пешазинтихоботї ягон корњои ташвиќотию таблиѓотии сиёсї бурда нашудааст. Имомони иттињодияњои динї бошад аз банди 1.9-и Низомномањои масљидњои панљваќта бо хуби огоњ њастанд.
Новобаста аз ин айни њол участкаи интихоботии № 24-и дењаи «Пахтакор»-и Љамоати дењоти «Ќумсангир» дар чойхонаи фароѓатї ќарор дошта, бо назардошти пешгирии њамагуна ихтилофот байни ањзоби сиёсї ва даъвоњои беасоси зиёдатї ба љойи дигар гузаронида шуд.


Н. Сабуров

Љ. Камолов

А. Иброњимов

С. Ќудуров

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)