Бахшҳо
05 фев 2015 10:12Тоҷикистон / Сиёсат

Ифшои нақшаи “баҳорӣ”-и террористҳо барои Тоҷикистон

Дар пайи ҳушдорҳо аз “баҳори гарм” дар Тоҷикистон Кумитаи амнияти миллӣ аз ифшои нақшаи террористҳо барои баҳори соли равон дар Тоҷикистон хабар дод.

Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 4 феврал зимни муаррифии лоиҳаи созишнома дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи амният дар рӯбарӯи вакилони тоҷик изҳор дошт, ахиран Исломобод 6 ҷангҷӯйро ба Душанбе истирдод кард, ки баҳори соли равон нияти амалӣ кардани амалҳои террористиро дар марказ ва шимоли Тоҷикистон доштаанд.

Ба иттилои Умаров дар миёни афроди истирдодшуда -- Қамариддин Аҳроров, раҳбари ҳаркати террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, чор шарики ӯ ва як ҷангҷӯи Толибон ҳаст, ки ҳама шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар муассисаҳои махсус дар минтақаи Вазиристони Покистон таълим гирифтаанд.

Ӯ дар назди вакилон изҳор доштааст, созишномаи дутарафаи Тоҷикистону Покистон дар умури амният, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шуд, барои пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ мусоидат мекунад.

Ифшои нақшаи “баҳорӣ”-и террористҳо дар ҳолест, ки қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ба суоли “Озодагон” оид ба он ки гӯиё ҳудуди 4 ҳазор ҷангҷӯ дар назди сарҳади Тоҷикистон ҷамъ омадаанд ва таҳдид доранд, баҳори соли равон худро нишон хоҳанд дод, посух дод, “воқеан чунин маълумот вуҷуд дорад. Дар пайи амалиёт алайҳи ҷангҷӯён дар қаламрави Покистон онҳо ба наздикиҳои сарҳад ҳаракат доранд.”

Қаблан Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон аз таҷаммӯи ҷангҷӯён дар сарҳади Тоҷикистон хабар дода, аз таҳдиди “баҳори гарм” дар Осиёи Марказӣ суҳбат карда буд: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”
Мӯҳр
Samad
100% наемникои Россия мебошанд. Славянский намуд дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)