ВИДЕО: Аз кори Маҳмадсаид Убайдуллоев розиед?
Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки аз соли 1996 курсии шаҳрдори пойтахтро дар ихтиёр дорад, ба синни 63 расид.
Қонунгузории Тоҷикистон синни бознишастагии мардонро 63 муқаррар кардааст ва бархе соҳибназарон ҳадс мезананд, эҳтимол шаҳрдори Душанбе ба нафақа гусел шавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои пойтахт аз сокинону меҳмонон пурсид: Аз кори Маҳмадсаид Убайдуллоев розиед?
ҲОЛНОМА. Маҳмадсаид Убайдуллоев якуми феврали соли 1952 дар участкаи ба номи Кирови колхози “Роҳи Ленин”-и ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омадааст. Фориғутаҳсили Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии ба номи Ленини шаҳри Харков (Украина) ва Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ (Тошканд) аст.
Аз соли 2000-ум раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, палатаи болоии парлумони кишвар ҳам ҳаст. Сиёсат, мантиқ, диалектика ва фалсафа шуғли дӯстдоштаи ӯ гуфта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |