Бахшҳо

Маскав: Сафири Амрикоро дар Душанбе наҷот додем

Саҳифаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия ва намояндагиҳои ин кишвар дар хориҷ дар шабакаи интернет матлаб дар мавриди як амалиёти низомиёни рус дар шаҳри Душанберо паҳн кардаанд, ки дар он суҳбат дар бораи наҷоти сафири Амрико дар Тоҷикистон меравад. Дар ин матлаб, ки дар пасманзари бадшавии муносиботи Амрикою Русия нашр шудааст, Сергей Миненков, генерал майори бознишастаи артиши Русия изҳор доштааст, маҳз гуруҳи ӯ 22 сол пеш-24-уми октябри соли 1992 нахустин сафири ИМА ва ҳудуди 25 корманди дигари сафорати Амрико дар Душанберо наҷот додааст.

Суҳбати Миненков гарчанде дар сомонаи “Звезда” моҳи октябри соли 2014 нашр шуда буд, ниҳодҳои Русия ахиран ба бознашр ва паҳн кардани он дар интернет пардохтаанд. Дар ин суҳбат Миненков нақл кардааст, ки моҳи октябри соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон талоши дигари табаддулоти давлатӣ сурат гирифт: “Душанбе он замон дар дасти воҳҳобиҳо ё худ вовчикҳо қарор дошт. Ҷанг байни онҳо ва юрчикҳо ҷонибдорони давлати дунявӣ буд. Раҳбари юрчикҳо дузди қонунӣ Сангак Сафаров, аз ҳаводорони ашаддии Юрий Андропов, собиқ раҳбари КГБ буд, ки баъди Леонид Брежнев раҳбари СССР шуда буд.”

Генерал Миненков изҳор доштааст, ки он замон вақт дар Тоҷикистон хуш (Время было веселое) буд: “Афсарон моҳҳо маош намегирифтанд. Вовчику юрчикҳо якдигарро мекуштанд, ҳудуди 60 ҳазор кушта ва миллион гуреза буданд. Аммо сӯи низомиёни дивизияи 201-ум камтар тир холӣ мекарданд, зеро медонистанд, ки ҷавоби сахт хоҳем дод.”

Генерали рус зикр кардааст, ки он замон фармондеҳии ротаи ҷосусӣ-десантии дивизияи 201-умро ба уҳда доштааст ва моҳи октябри соли 1992 талоши дигари табаддулот сурат гирифт: “Субҳи барвақт ҷангиёни фронти халқӣ таҳти роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе зада даромаданд. Фармондеҳи дивизия Муҳриддин Ашӯров ман ва фармондеҳи баталион Ҳасаншо Баксановро даъват карда, вазифа гузошт, ки бо дархости Департаменти давлатии Амрико аз Кремл мо бояд ҳайати сафорати ин кишварро дар Душанбе наҷот диҳем. Бояд дипломатҳоро аз меҳмонхонаи “Октябр”, феълан Авесто, ки дафтари сафорат дар он ҷо қарор дошту дар миёни ҷанг қарор гирифта буд, ба фурудгоҳ мебурдем. Ман гуфтам, ки бо ротаи худ аз уҳдаи иҷрои ин супориш мебароям ва худам савори зиреҳпӯши аввал ва ду зиреҳпӯши дигар аз ақиб ба самти меҳмонхона равон шудем.”

Миненков дар идома афзудааст, ки он рӯз савори зиреҳпӯшон мо аз байни ҷасадҳои қади роҳ партофта мегузаштем, ки дар чорроҳаи назди фурушгоҳи марказӣ, “ЦУМ” ҳадафи тирпаронӣ аз грантамёт қарор гирифтем: “Ду зиреҳпӯш гузаштанд, аммо сеюм зери борони тир монд. Мо низ гашта, ба ҳамлагарон посух додем ва онҳое, ки зинда монда буданд, фирор намуданд. Аз мо танҳо як сарбоз аз дасташ ҷароҳат бардошт.”

Генерали рус илова намудааст, ки он замон 25 корманди сафоратро аз миёни ҷанг берун бурдаанд, ки нисфашонро муҳофизон ташкил медоданд ва дар як ҳолати тарс қарор доштанд: “Пеш аз ҳама ба зиреҳпӯш сафир савор шуд, ки бо вуҷуди 20 градус гармӣ дар сар кулоҳи пашмин дошт. Онҳоро ба фурудгоҳи Душанбе бурдем ва он ҷо ҳавопаймои С-130, «Геркулес» бо гуруҳи таъиноти махсуси амрикоӣ фуруд омад. Мо аз сарбозони амрикоӣ тамоку гирифтем, ки он замон дар мо кам буд. С-130 сафир ва дигар кормандони сафоратро гирифта, парвоз кард.”

Миненков изҳор доштааст, ки баъди 10 сол аз ин ҳодиса, замоне, ки муовини фармондеҳи дивизияи 201 дар Тоҷикистон буд, ӯро ба сафорат даъват намуда, барои наҷоти дипломатҳои амрикоӣ ташаккур гуфтаанд ва он амалиётро мисоли хуби ҳамкорӣ ва дӯстии ду давлат хондаанд.

Нахустин сафири Амрико дар Душанбе Стенли Т. Эскудеро буд, ки аз апрели соли 1992 то марти 1993 ба ҳайси намояндаи фавқлодда ва аз марти 1993 то июни 1995 ба ҳайси сафири фавқулодда ва мухтор кор кардааст.
Мӯҳр
муосир
Худо он дахшатро дигар ба сари миллати точик наорад.

sangak
худованд он рузхоро наёрад
ва моро аз шари шумо русхо ва амрикоихо нигахбон шавад ва мардуми азизи точикистонро аз ин хорию зори ба сарбаландию чавонмарди расонад то фитнаи фитнагарони чун шумохоро шиносему чавоби мусбататон дихем

Боз ин номи юрчику вовчикро худашон бароварда буданд ва сабаби хамин чанги шахрванди шумо будед !

мардyми соддаи Тоҷик хонед гапи генерали русро ва имруз ақалан ақлатонро ба кор баред то ин русҳо боз ҳам дар байни маҳалҳои мо фитна наандохта моро ба ҷанги якдигар тела надиҳанд. Бyбинед худашон мегуянд як дузд тарафдорашон бyд ва он дуздро барои қатли оми Тоҷик ҳамин русҳо истифода бyрданд. Бади ҷанг мебинем имруз миллати Тоҷикро дар чи ҳолат қарор доданд, дар ба дари онҳо гашта ғyломи ҳалқабаргушашон шyдем. Ҳар руз қонyнҳои нав ба навро барои ғyлом кардани мо мебароранд вале мо бошем ҳеҷ нест ки ба хyд оем. Мо агар кyшиш кyнем худро қави созем, итиҳодy итфоқ дар байни якдигар дошта бошем ватанро созем ана дар он руз ин русҳо бо мо мисли Амрикоиҳо рафтор хоҳанд окард. Имруз мебинем бо вyҷyди сахтарин фишорҳо аз тарафи Амрикоиҳо болои иқтисоди Расия генералҳо ва yмyман давлатмардони Рус мехоҳанд бо дубора ба чоп расондани амалашон ба Амрикоҳи хyшомадгуи кyнанд то фишорро бар инҳо кам кyнанд. Ба хyд оед миллатид бегонапарасти хyдкyш.

Мехмон
Хушомадгуии халки русро бинед. Маълум шуд, ки Амрико холаташонро нихоят бад кардааст. Вокеан, "таррох"-и чанги бародаркушии мо хамин урусхо буданд. Имруз натичаи он аъмоли золимонаашонро аз Амрико чашида истодаанд. Хеч амале бе подош намемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)