Бахшҳо
22 янв 2015 16:33Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Истеҳсоли беш аз 3 тонна тилло дар Тоҷикистон

Истеҳсоли 3 тонна тилло, ки Гул Шералӣ, собиқ вазири саноати Тоҷикстон тайи ду сол ҳадаф гузошту аз уҳдаи иҷрояш набаромад, Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон дар соли 2014 барзиёд иҷро намудааст.

Шавкат Бобозода рӯзи 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, дар 11 моҳи соли гузашта дар кишвар 3 тоннаю 150 кило тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ зиёд мебошад. Вазир афзуд, бо назардошти моҳи декабр эҳтимол нишондоди истеҳсоли тилло дар кишвар ҳудуди 3,4 тоннаро ташкил диҳад: “3 тонна, ҳадди психологиеро, ки ҳадаф гузошта мешуд, мо убур кардем. Ҳукумат имрӯз шароит фароҳам овард ва корхонаҳо истеҳсол карданд”.

Бобозода таъкид намуд, ки имсол нақша доранд, истеҳсоли тиллоро дар кишвар ба 4 тонна расонанд: “Нақша 3,8 тонна аст, аммо хуб мешуд, агар ин нишондодро то ба 4 тонна расонем.”

Ба гуфтаи вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳудуди 70 дарсади тиллои истеҳсоли кишвар дар дохил, аз ҷумла аз ҷониби Бонки миллӣ харидорӣ шудааст. Ӯ нархи миёнаи ҳар грамм тиллои истеҳсоли Тоҷикистонро ҳудуди 35 доллари амрикоӣ арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
Омузгор
Мешудааст-ку. Боз мегуем, ки наметавонанд

romesh
joi ki Sherali Gulovay i kiya

kori ki SHerali Gul kard baroi jomea hej kas bo u barobar shuda nametavonad

Истехсол мешуд гуед лекин..... Хар нафари дигар бошад кор хубтар мешавад,декин ин команда вазифахоро намедихад ба каси дигар нвмедиханд

беном
Мебахшед рафик Бобозода дар сари нони тайркардаи Гул Шерали нишаста тамбур зада истодааст ин нишондихандахо самараи кории Гул Шерали мебошад, кани Бобозода хисобот дихадки чанд адад корхонаи нави тилобарори худаш ташкил намудааст ё бо ташабуси худи у чи корхо пеш гирифта шуда истодааст.

Дар Точикистон мардуми босаводу бомарифат бисёранд факат. Якдигар фахмию кадршиноси Чумхуриро пеш мебарад.

Фарханги
Корхонахои истехсолие бсоз, бродар, ки дар онхо то 1000 нафар шахрванди Точикистон кор кунад ва аз ин хисоб давлат тавонад вабои БЕКОРИРО дар чумхури бартараф сохта, раванди мухочирати кориро ба хоричи кишвар ба танзим дарорад. Анна ин корро бояд кард.!!!

аз кор рафта
чаноби бобозода холо ягон кор накардааст ин хама захматхои Гул Шерали буд, ки имруз бобозода дар назди журналистон бо забони дароз гап мезанад. Гул Шерали буд, ки дар сохаи саноат тахкурсии бакувват партофт бобозода бо группаи нанааш суханрони доранд.

Кӯҳкан
- Чил Бобозода кори якрӯзаи Шералӣ Гулро анҷом дода наметавонанд. Гапа ҳаққаш, Бачаҳо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)