Нигаронии раиси Бонки Миллӣ аз қонуншиканиҳои саррофон ва ояндаи норӯшан
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки бархе саррофон аз номуайяниҳо дар бозори нақди кишвар сӯиистифода мекунанд.
Ширинов, дар посух ба суоли “Озодагон”, ки – оё ҳастанд, ҳолатҳое, ки саррофон аз номуайяниҳо сӯиистифода карда, худсарона қурби асъорро боло мебаранд, изҳор дошт, ки чунин ҳолатҳо вуҷуд доранд: “Вақте номуайянӣ мешавад, бархе саррофон ба сӯиистифода даст мезананд. Асосан онҳое қонуншиканӣ мекунанд, ки дар қайди Бонки Миллӣ нестанд ва ғайрирасмӣ фаъолият доранд.”
Раиси Бонки Миллӣ илова намуд, ки соли гузашта дар кишвар 9 ҳолати фаъолияти ғайриқонунии саррофон ошкор шудааст, ки аз рӯи ҳамаи онҳо санадҳо тартиб дода шуда, ба додситонӣ ирсол гардидаанд.
Дар мавриди дурнамои қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов илова намуд, ки пешгӯии он душвор аст. Ба гуфтаи ӯ қурби асъор дар бозори нақди кишвар аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла нархи нафт ва буҳрон дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз ҷумла Русия вобастагӣ дорад: “Пешгӯии дарозмуддат кори душвор аст ва ҳатто кишварҳои Аврупо наметавонанд, дурнаморо дақиқ пешгӯӣ кунанд.”
Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир дар Тоҷикистон қурби рубли русӣ аз 145 сомонӣ то ба 90 ва қурби доллари амрикоӣ аз 5,1 то ба 5,65 сомонӣ боло рафтааст. Дар пасманзари ин Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандон хост, ба ҳангомаю воҳимаҳо дода нашаванд, ки бар зарари иқтисодиёти кишвар ва буҷаи сокинон меанҷомад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод ҳаргуна эҳсосот ва ҳангомасозии шаҳрвандон боиси зиёд гардидани омилҳои изтирорӣ мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон ин маънои онро дорад, ки дар пайи ҳангомаҳо эҳтимол соҳибони доллар аз иваз намудани асъорашон худдорӣ кунанд ва дар натиҷа дар бозори нақд камбуди доллар ва мувофиқан ҷаҳиши якбораи қурби он сурат мегирад. Инчунин тоҷирон дар пайи норӯшаниҳо метавонанд сӯиистифода кунанду бо мақсадҳои ҳаннотӣ нархи мол дар бозорро боло баранд. Бонки Миллӣ мегӯяд, “аз ин лиҳоз, ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки оромию таҳаммул барои устувор нигоҳ доштани нархҳо дар бозор махсусан муҳим мебошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |