Сумангул Тағоева дар бораи ташвиши муҳоҷирон ва омодагиҳо ба бозгашти онҳо
Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз, 15 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар бораи омодагиҳо ба бозгашти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Русия ба Ватан ва ташвиши муҳоҷирони тоҷик дар пайи мунтаззам тағйирёбии қонунгузории ин кишвар хабар дод.
Хонум Тағоева дар ҷавоб ба саволи “дар сурати бозгашти теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ чи тадбирҳо меандешанд”, гуфт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омӯзиши бозори меҳнати кишварҳои дигар, аз зумраи чораҳоест, ки мавриди баррасӣ қарор дорад: “Дар соли гузашта 251 ҳазору 570 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ин шумора 181 дарсади иҷроиши нақша ҳам агар бошад, лекин дар сурати баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ албатта кифоя нест. Ғайр аз ин дигар роҳҳоро низ омӯхта истодаем, ки бояд шаҳрвандони худро ба ҷои кор таъмин намоем. Бозори меҳнати Қазоқистону Белорусияро омӯхта истодаем, то дар ҳолати хоҳиш пайдо кардани шаҳрвандон онҳоро омода карда, муташаккилона равона созем”.
Номбурда иброз дошт, барои таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷои кор ҳоло тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд ва барномаҳои калонҳаҷм низ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ доранд. Сумангул Тағоева гуфт, муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки хоҳиши кор дар Тоҷикистонро надоранд: “Ман шахсан худам бо чанд муҳоҷири меҳнатие, ки ҳаққи ба Русия рафтанро надоштанд, суҳбат доштам, мо пешниҳод кардем, ки дар иншоотҳои сохтмонии ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият кунанд, аммо онҳо гуфтанд, бо 2500 сомонӣ кор намекунем”.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, мунтаззам тағйир ёфтани муқаррароти қонунгузории Русия буду бош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар он кишвар рӯз то рӯз мушкил менамояд. Сумангул Тағоева гуфт, “бубинед, аллакай ба ҳолати моҳи июли соли гузашта шумораи онҳое ки ворид шуданашон ба қаламрави Русия манъ аст, ба дусаду ду ҳазор расидааст, то имрӯз омори аниқ надорем ва дарёфти чунин омор душвор аст. Соли 2014 тамоми кушишҳои худро ба харҷ додем, то корҳои фаҳмондадиҳиро миёни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пурзӯртар намоем ва имрӯз вазифаи асосии мо омода кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохили кишвар аст, агар мо дар дохили кишвар муҳоҷиронро омӯзонем, ихтисосҳое, ки ба тамом талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берун аз кишвар ҷавобгӯанд, омода кунем, муҳоҷирони мо қонунгузории давлати қабулкунандаро агар донанд ва риоя кунанд, дар он ҳолат онҳо метавонанд беташвиш кору фаъолияти худро идома диҳанд. Мутаасифона надонистани қонун одамро аз ҷавобгарӣ озод намекунад”.
Ба қавли вазир, теъдоди шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар давоми соли 2014 нисбат ба як соли пеш 14 дарсад кам шудааст. Ӯ мегӯяд, дар соли гузашта 869 шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расида буд. Ин рақам дар соли 2013, 1006 нафарро ташкил медод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |