Дастдарозии як гуруҳи ноболиғону ҷавонон ба номуси як зани 34-сола дар ҷануби Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз таҷовузи як зани 34-сола аз сӯйи як гуруҳи ноболиғону ҷавонони аз 17 то 24-сола хабар додааст.
Торнамои ВУД менависад, ин ҷабрдида сокини ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ буда, дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба номуси ӯ дастдарозӣ кардаанд. Ин зан дар як муроҷиат ба шӯъбаи корҳои дохилии Сарбанд гуфтааст, шаби 12 январ, тахминан соати 02:00 Ҷонӣ Гулмуродов соли таваллудаш 1994, Рамазон Арабов соли таваллудаш 1996, Хайриддин Шукуров соли таваллудаш 1992, Алидод Аламшоев соли таваллудаш 1996, Саиднуриддин Сайдаҳмадов соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Бохтар ва ноболиғон Р.И. ва М.А. соли таваллудашон 1997, хонандаҳои синфи 11, дар назди заводи “Тоҷик-Азот”-и шаҳри Сарбанд ӯро латту кӯб намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Нексия”, рақами давлатиаш 88-86 ЕО 02 РТ, ки ба Суҳроб Имомов соли таваллудаш 1991, тааллуқ доштааст, савор карда ба болои теппаҳои ҳудуди шаҳри Сарбанд бурда, бо истифодаи зӯроварӣ ба навбат бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардаанд. “Баъди анҷом додани ин кирдорҳои ҷинояткоронаашон Гулмуродов Ҷ. ӯро ба назди бозори марказии шаҳри Сарбанд оварда, ба шаҳрванд Толибов Саидҷон соли таваллудаш 1993, супоридааст, ки ӯ низ номбурдаро ба дохили боғи “Ғалаба” бурда, бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст”,-хабар додааст манбаъ.
Ба иттилои сарчашмаи хабар, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |