Даргузашти генерал Азаматов, яке аз муҳофизони сохти конститутсионӣ
Генерал Вайсиддин Азамотов, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 13 январ, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 63-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Оҷонсии маводи нашъаовар хабар дода, афзуданд, ки генерал Азаматов яке аз муҳофизони сохти конститутсионӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд.
Ба иттилои манбаъ Азаматов Вайсиддин Азаматович 25 декабри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз соли 1971 то 1973 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Қазоқистон хизмат намудааст. Аз соли 1979 то 1983 дар Мактаби олии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд таҳсил карда, аз соли 1984 то 2001 дар вазифаҳои гуногун дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
Ба кор дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон дар вазифаи сардори Раёсат дар вилояти Хатлон соли 2001 оғоз кардааст ва аз соли 2007 то инҷониб дар вазифаи муовини аввали Директор фаъолият намудааст.
Ҳайати эҷодии “Озодагон” низ дар қатори ҳайати кормандони Оҷонсии назорати маводи нашъаовар ба хешовандон ва наздикони генерал-майори марҳум изҳори ҳамдардӣ карда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |