Тураҷонзода дар бораи “кризис”: Ин ғазаби Худо нест, кори бандагони саркашу золим аст
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ва қозии пешини мусалмонони Тоҷикистон сабаби аслии ба миён омадани буҳрони ахири иқтисодиро шарҳ дода, хостааст, инро азоби Худованд болои бандагонаш наҳисобанд.
Ба назари руҳонии маъруфи тоҷик, буҳрони иқтисодие, ки ҳоло болои мардум омадааст, кори дасти баъзе аз бандагони саркаш ва золими мебошад: “Имрӯз, ки буҳрон болои мардум омада аст, қаҳтӣ ва азоби илоҳӣ нест. Балки ин зулми золимон ва мутакаббирон (Масонҳо ва навкаронашон) аст, ки мардуми бечораро зулм мекунанд.”
Тураҷонзода ин ҳарфҳоро дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org баён доштааст. Ин корбар пурсидааст, “имрӯзҳо қариб тамоми мамолики дунёро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, бисёртар ба давлати Руссия таъсири манфии худро расонид, ки ба Тоҷикистон низ бетаъсир намонд ва омадани чунин ҳолатҳо, яъне буҳрони иқтисодӣ бо хости Худованд амалӣ мешавад?” Қозии пешини мусулмонони Тоҷикистон дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, буҳрони ахири иқтисодӣ болои мардум замоне қомат афрохта, ҳукумфармо шудааст, ки осомон аз боридан ва замин аз рӯйидан боз намондааст: “Аз замин оташ набаромада ва аз осмон санг партоб нашуда аст, ки мову шумо гӯем Худо бар мо ғазаб карда ин буҳронро оварда бошад.”
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода аз ин корбари торнамои хонаводагияшон хостааст, ин гуна буҳронҳоро азоби Худованд надонанд ва кори дасти бандагоне ҳисобанд, ки зиндагиро барои бандагони дигар танг мекунанд: “Албатта, ин золимон ва ин мустакбирон, ки мардумро зулм доранд ва зиндагии мардумро танг кардаанд, пеши Худо ҷавоб хоҳанд гуфт. Вале набояд фаромуш кард, ки оммаи мардум низ (бо сукут кардан ва ҳақҳояшонро талаб накардан) сабабгори мустакбир шудани онҳо шудаанд.”
Ба қавли ӯ, Худованд бо фиристодани охирин пайғамбари худ - Муҳаммад (с) азоби умумие, ки ба қавму пайравони пайғамбарони пешин раво медид, бардоштааст ва “то замоне дар дунё ҳаёт доранд, амал кунанд. Ҳисобу китобро ба охират монда аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |