Эътирози олмониҳо аз “исломишавии Ғарб”
Ҳудуди 18 ҳазор нафар дар шаҳри Дрездени Олмон бо нишони эътироз аз “Исломишавии Ғарб” ба кӯчаҳо баромадаанд.
Ба иттилои хабаргузории “Reuters”, ҳаводорони ҳаракати ростгарои “Аврупоиҳо-меҳанпарастон зидди исломишавии Ғарб” рӯзи 5 январ ба кӯчаҳо баромада, хостори шадидтар кардани қавонини марбут ба муҳоҷират ва паноҳандагӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, бо чунин дархост дар шаҳри Берлин, Мюнстер, Гамбург ва Штутгарт низ сокинон роҳпаймоӣ кардаанд.
Эътирози сокинони Олмон дар ҳолест, ки Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар дар суханронии ахири худ таъкид кард, дар кишвараш ба “ифротгароёни ростгаро ва афроде, ки зидди хориҷиён ва яҳудиён эҳсоси бадбинӣ доранд”, ҷой нест.
Теъдоди паноҳҷӯён дар Олмон, ки аз Шарқи наздик омадаанд, дар соли сипаришуда ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |