Боздошти “дуздон”-и сейфи Эсхата дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафари муттаҳам ба ғорати бонки Эсхата дар Душанбе хабар дод. Мақомот мегӯянд, ин бозодошт дар пайи муроҷиати масъулини филиали «Бонки Эсхата» воқеъ дар кӯчаи А.Дониш 11-и шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ афроди муттаҳам бо роҳи шикастани дару тиреза вориди бинои бонк гардида, аз он ҷо як сейфи оҳанинро, ки дар дохилаш 2 муҳри расмии бонк, 1-флешкартаи дорои маълумоти бонкӣ ва як миқдор ҳуҷҷатҳои корхона будааст, гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зимни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ 4-уми январи соли 2015 муттаҳамон - Азизов Фаридуни 20--сола, истиқоматкунандаи муваққатӣ дар Душанбе ва Ризвоншоев Амрулло, сокини 23-солаи пойтахт боздошт гардиданд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |