Дастури Убайдуллоев барои 30% арзон кардани нархҳо дар Соли Нав
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарони бозорҳои пойтахт супориш додааст, ки барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастархони солинавии сокинон аз 21 то 31 декабр ҳамарӯза аз соати 9-00 бо нархи нисбатан арзон ярмаркаи махсулоти ниёзи аввалия ташкил намоянд.
Дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе мегӯяд, Убайдуллоев, зимни ҷаласаи худ, ки имрӯз, 19 декбр баргузор гардид, дастур дод, ки дар ярмаркаҳо нархи маҳсулот аз 15 то 30 % аз нархҳои бозорӣ арзонтар ба фурӯш гузошта шавад.
Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа қарор гардид, ки дигар соҳибкорон низ имкон доранд дар сабқати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастархони солинавии сокинон иштирок кунанду маҳсулоташонро дар ҳудуди бозорҳои коммуналӣ аз 15 то 30 % арзонтар пешниҳод кунанд: “Барои дастгирии ингуна ташаббусҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ шаҳрдорӣ муқаррар сохтааст, ки тӯли баргузории ярмаркаҳо ҳар кадоми онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора ва чинишҳои яквақтаи бозорӣ озод карда мешаванд. Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро муваззаф кард, ки оид ба ташкилу таъмини ярмаркаҳои зикршуда бо маҳсулоти хушсифат аз ҷониби масъулини вобастагардида назорати ҷамъиятиро роҳандозӣ намоянд”.
Маҳмадсаид Убайдуллоев инчунин раисони 4 ноҳияи пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ дар таъмини чораҳои зикршуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |