Лоиҳаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Финландия дар бораи “Баробарҳуқуқӣ дар назди қонун - роҳи адолат дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ гардид.
Ин пружа зимни мулоқоти Рустам Назаров, директори агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон бо хонум Туулу Юрёла, сафири Финландия дар ҷумҳурии мо мавриди муҳокима қарор гирифт.Тавре аз агентии мазкур ба «Озодагон» хабар доданд, зимни ин мулоқот директори агентӣ сафирро бо вазъи маводи мухаддираи ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар шинос намуд.
Гуфтанист, хонуми сафир ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Финландия дар масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон баҳои баланд дод. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои оянда дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори умед намуданд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр