Ёвари президент дар бораи барномаҳои зиддинаҳзатӣ ва интихобот
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кард, дар рӯзи интихоботи парлумонӣ ба нозирон ҷойҳои алоҳида дуруст карда шавад, то тавонанд раванди овоздиҳиро хуб мушоҳида созанд.
Ӯ дар мизи гирде бо иштироки намояндаҳои КМИР ва аҳзоби сиёсии кишвар инчунин гуфт, дар паҳлӯи нозирон барои кӯмак ба раъйдиҳандаҳо “шахси маслиҳатчӣ” низ бошад. Ба қавли ӯ, чунин нафарон ба онҳое, ки тарзи овоздиҳиро намедонанд, роҳнамо хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, дар бештари ҳолатҳо аз ноогоҳии интихобкунандаҳо сӯистифода шуда, тақаллуб сурат мегирад ва дар пайи фаъолияти “шахси маслиҳатчӣ” чунин ҳолатҳо камтар хоҳад шуд. Яке аз дигар пешниҳодҳои ҷаноби Исмонов назорати овеза ва аксҳои номзадҳо буд. Ӯ гуфт, афроди номаълум аксҳои номзадҳоро масхара ва онҳоро “карикатура” мекунанд. Раиси ҲДТ инчунин пешниҳод кард, ба номзадҳо иҷоза дода шавад, то дар девори масоҷид низ акси таблиғии худро насб кунанд. “Аз дидани ин аксҳо таҳорати ягон кас намешиканад”,-илова намуд ӯ.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар мизи гирд гуфт, ба пешниҳоди Саидҷаъфар Исмонов дар мавриди гузоштани акси номзадҳо дар девори масоҷид розӣ шуда наметавонад. Номбурда иброз дошт, бе ҳамин ҳам дида мешавад, нафароне аз чор тарафи аксҳо ҳар гуна хат мекашанд ва бо гузошгтани акси номазадҳо дар масҷидҳо чунин ҳолатҳо зиёд хоҳад шуд.
Роҳбари комунистҳои Тоҷикистон ба КМИР пешниҳод намуд, ҷараён ва натиҷаҳои интихоботро дар участкаҳои интихоботӣ дуруст назорат кунанд, то тақаллубкориҳое, ки дар гузашта буд, ин навбат сурат нагирад: “Ҳукумат ҳуқуқ надорад, ки ба ҷараёни интихобот ва натоиҷи он дахолат кунад, сари ин масъала бояд муносибати ҷиддӣ карда шавад”.
Муҳамадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди фишорҳои пай дар пай, ки ба қавли ӯ, се соли ахир зиёд шудааст, ҲНИТ майдони интихоботро гарм хоҳад кард. Оқои Ҳайит дар идома афзуд, иддаои масъулини КМИР дар мавриди мавҷудияти шароити якхела барои тамоми аҳзоб асос надорад. Ӯ ба як суҳбати телевизионии Шермуҳаммади Шоҳиён, раҳбари КМИР ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ “қасдан” аз бурдани номи ҲНИТ-у ҲСДТ худдорӣ намудааст. Муҳаммадалии Ҳайит илова кард, агар ҳукумат мехоҳад интихоботи парлумонӣ шаффоф гузарад, бояд намояндаҳои аҳзоби дигарро низ дар участкаҳои интихоботӣ шомил созад, зеро "намояндаҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ танҳо ба ҳизби ҳоким лаббайк мегӯянд". Ӯ инчунин аз роҳбари САҲА хост, зимни назорати раванди интихобот бомасъулият бошанд.
Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, дар ҷавоб ба иддаои Муҳамадалии Ҳайит гуфт, дар участкаҳои интихоботӣ на аз ҳизби ҳоким, балки қишри зиёии маҳаллаҳо шомил мегарданд: “Мо ба интелектуали деҳот боварӣ дорем, махсусан ба омӯзгорон, дар участкаҳои интихоботӣ кӯшиш кардан лозим зиёиёни деҳот шомил гарданд”. Ба қавли Ҷумахон Давлатов тарсидани ҳизбҳо даркор нест, дар интихоботи парлумонӣ беҳтар аст ҳизбҳо аз имкониятҳо бештар истифода баранд: “Касе ба чашми душманӣ ба ҳизбҳо назар намекунад, мақсади ҳамаи ҳизбҳо ободии ҷомеа аст”.
Дар зимн, Муҳамадалии Ҳайит аз Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон пурсид, ки оё кафолат дода метавонад, ки туҳматномаҳои зидди ҲНИТ, ки тариқи расонаҳои давлатӣ пешниҳод мегарданд, дар арафаи интихобот манъ мегардад? Ҷумахон Давлатов дар ҷавоб гуфт, фикр намекунад, ин барномаҳо ташкилшуда бошанд: “Инро аз ВАО пурсед. Ман фикр намекунам, ки чунин барномаҳо таҳрезишуда бошанд. Дар давраи интихобот аз ин кор худдорӣ карда шавад”.
Шокирҷон Ҳакимов, намондаи ҲСДТ бошад, аз дахолати мақомотӣ амниятӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба номазадҳо аз аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихобот нигаронӣ кард. Номбурда пешниҳод намуд, КМИР дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор пеши роҳи ҳар гуна монеаэҷодкуниҳоро аз ҷониби мақомот бигирад. Дар ҳамин ҳол, Абдулло Нуров, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон гуфт, талош доранд, интихоботи парлумонӣ шаффофу демократӣ баргузор шавад. Рустам Латипов, иҷрокунандаи раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон низ изҳор дошт, мутмаин аст, КМИР интихоботи навбатии парлумониро демокративу шаффоф мегузаронад: “Аз шароите, ки фароҳам сохтаанд, минатдорем”.
Ҷумахон Давлатов, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гуфт, тамоми дархосту пешниҳодҳои аҳзоби сиёсиро вобаста ба интихоботи қарибулвуқӯъ сабт карда, талош мекунад, онҳоро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бирасонад.
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор аст 1 марти соли 2015 баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |