Задухӯрди нави мусаллаҳона дар “Ниводак” ва даъвати Кумитаи амният
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аз задухӯрди нави мусаллаҳона хабар додааст, ки дар деҳаи Ниводак, маҳалли куштори генерал Абдулло Назаров ва ду сокини Хоруғ сар задааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, задухурди нави мусаллаҳона дар Ниводак 29-уми ноябр миёни амниятиҳо ва қочоқбари маъруфи афғон рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, амниятиҳо иттилоъ гирифтанд, ки Ғулом Ҳусайн валад Амирмуҳаммад бо тахаллуси Ҳабибулло ният дорад тавассути сарҳади давлатӣ аз рустои Ношаки волусволии Шуғнони Афғонистон ба деҳаи Ниводаки ҷамоати Дарморахти вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаҷми махсусан калони маводи мухаддиро интиқол диҳад: “Зимни амалиёти муштараки мақомоти тоҷик Ғулом Ҳусайн валади Амирмуҳаммад дар посух ба амри низомиёни тоҷик аз силоҳи оташфишон тир кушода бо истифода аз паст будани сатҳи ҷараёни оби дариёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор кардааст. Аз ҷои ҳодиса дар 52 халта ба миқдори 22 кило маводи мухаддир дарёфт гардид.”
Кумитаи амнияти миллӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин задухурди нав дар деҳаи Ниводак дар ҳолест, ки шаби 4 ба 5 августи соли равон аз ин маҳалла ҷасади ду ҷавон- Сайёд Охонқадамов -- сокини маҳаллаи УПД ва Далер Хушдилов --сокини маҳаллаи Бархоруғи Хоруғ ёфт шуд, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шуда буданд. Инчунин баҳори соли равон дар Ниводак силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира гардида буд. Куштори генерал Абдулло Назаров, сардори собиқи раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон низ рӯзи 21 июли соли 2012 дар мавзеи “Ниводак” рух дода буд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи амнияти милллӣ аз афзоиши убурҳои ғайриқонунӣ дар сарҳади Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон хабар дода, аз сокинон даъват намудааст, ки бо мақомот дар самти мубориза бо қочоқчиёни ҷинояткорон ҳамкории бештар кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |