Бахшҳо

40 сомонӣ ҷаримаи муаллимаи мактаб барои “оташбозӣ”-и шогирдаш

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Фарида Мирзоева, муаллимаи макбати № 6-и пойтахтро барои беназорат гузоштани як хонандаи ин мактаб 40 сомонӣ ҷарима бастааст.

Ба иттилои торнамои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фарида Мирзоева ҳамчун омӯзгор уҳдадории худро иҷро накардааст ва дар натиҷа “Исмоил Воҳидов, хонандаи синфи 5 рӯзи 23 сентябр, соати 15:00 вақти соати дарсӣ ба мактаб нарафта дар ошёнаи 7-уми бинои №32, кӯчаи Теҳрони Душанбе бо гугирди дар дасташ буда коғазҳоро оташ зада ва ҷони худу моликияти шаҳрванданро дар хатар мондааст”.

Манбаъ мегӯяд, Фарида Мирзоева дар мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида баёнот додааст, ки аз беназоратии ӯ ноболиғ Исмоил Ваҳидов ба ин амал даст задааст: “Муаллима ваъда медиҳад, ки нисбат ба рафтори хонандагоне, ки таҳти назорати ӯ мебошанд назоратро пурзӯр менамояд”.

Тибқи иттилои манбаъ, Ширинзода Ҷурабек, судияи ноҳия Исмоили Сомонӣ Мирзоеваро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи як нишондиҳанда, баробар ба 40 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Агар чунин ҷаримабанди зиёд шудан гирад, якчанд сол дигар дар ҷумҳурӣ омӯзгор ёфтан мушкил мешавад. Ҳамаи хуб медонед, ки имрӯз кишвар аз норасоии омӯзгор танқисӣ мекашад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)