Ҳақталошӣ ва ҳукми истирдоди 7 тоҷик барои даргирӣ бо доғистониҳо
Аз 21 нафар тоҷики иштирокчии задухӯрди шаби 28-уми октябр бо доғистониҳо дар анбори ширкати “Рекстрой”-и ноҳияи Сходня феълан ҳукми истирдоди 7 нафарашон бароварда шудааст.
Дар ин бора намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ба "Озодагон" хабар дода, афзуд, ки намояндагони тоҷик аллакай аз ҷои ҳодиса дидан намуда, бо масъулини пулиси ноҳияи Сходняи шаҳри Химкии вилояти Маскав мулоқот намудаанд: “Андрей Хавханов, ноиби шуъбаи пулиси ноҳияи Сходня изҳор доштааст, ки феълан ҷузъиёти ин ҳодиса мавриди омӯзиш қарор дорад ва нисбати ҳамаи иштирокдорони қазия аз рӯи қонунгузории Русия чораандешӣ хоҳад шуд. Аз ҷараёни тафтишот мақомоти тоҷикро огоҳ хоҳем кард.”
Дар ҳамин ҳол ҳукми истирдоди 7 тоҷик дар ҳолест, ки онҳо барои гирифтани маоши яксолаашон аз раҳбарияти “Рекстрой” талош кардаанд.
Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, Николай, раиси ширкати “Рекстрой” ҳаққи муҳоҷирони тоҷикро надода, бо ҷалби доғистониҳо хостааст, амволи ширкаташро аз анбор дар Сходня ба ҷои дигар барад: “Аммо муҳоҷирони тоҷик монеаи ин кор шуда, талаб кардаанд, ки аввал маошашонро диҳад. Дар натиҷа задухӯрд ба миён омада, доғистониҳо сӯи тоҷикон тир холӣ кардаанд.”
Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик аз қавли шоҳидони ин ҳодиса афзуд, пулис дар қазия тоҷиконро гунаҳкор намудааст. Ӯ афзуд, ки қаблан бо Николай, корфармои тоҷикон дар Сходня мулоқот кардааст ва ӯ ваъда додааст, ки маоши яксолаи тоҷикон дар ҳаҷми 4 миллион рублро то 10-уми октябр пардохт хоҳад кард, аммо иҷро накардааст.
Иззат Амон муътақид аст, ки қазияи шаби 27 ба 28-уми октябр махсус роҳандозӣ шудааст ва Николай мехоҳад бо мусоидати маъмурини пулис маоши тоҷиконро надода, онҳоро ба ҳар иттиҳом аз Русия хориҷ кунад. Тибқи иттилои ӯ аллакай амволи марбут ба Николай ба дигар ҷой кӯчонда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |