Шеваи дуэтхонии тоҷикон дар ҷаҳон ягона аст, ягона чӣ ки «ҳамтову назир» надорад. Танҳо зимни дуэтхонии суперсарояндаҳои тоҷик бародар ба хоҳараш изҳори муҳаббат мекунаду фарзанди падар дар навбати худ ба ӯ ҷавоб мегардонад. Танҳо овозхонҳои ҳушманди тоҷик ду нафар паҳлӯи ҳам истода ба як бону изҳори муҳаббат мекунанд. Беҳтар аст аз мисоли аввал мисол биёрем.
Сурӯш ва Нигора. Ин ду наврас дар кӯтоҳмуддат тавонистанд, маҳбубияти хосаро миёни мардум касб кунанд. Акнун номашонро дар қатори «ситораҳои эстрада» менависанд. Садои хуб доранд ва фаҳмиши мусиқӣ низ. Вақте дар алоҳидагӣ суруд мехонанд, ба қавле дили санг об мешавад, аммо дуэтҳои ин дуфарро шунида, гиребон гирифтаву тавба мекунед. Аз охирин таронаи муштараки онҳо шурӯъ мекунем, ки «Бибисанам» ном дорад ва дар қолаби ҳеч этикаву эстетика намеғунҷад.
Сурӯш мехонад, ки:
Қадат бо сарви тар мемона ёрам, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Лабонат бо шакар мемона ёре, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Бидеҳ як бӯса аз кунҷи лабонат, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Ки доғат дар ҷигар мемона ёрам, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Ин суханҳоеанд, ки ба маъшуқа гуфта мешавад ва ҳеч бародаре қади хоҳарашро ба сарви тару лабонашро ба шакар қиёс накарда, ӯро ёр намехонад. Дар навбати худ Нигора низ бо карашма ҷавоб мегардонад:
Ало ёрҷон ту шиштай рӯ ба рӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Намедонам бароят чӣ бигӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Суханҳое, ки дорам дар дили худ, бибисанам ҷоне, анори якдоне,
Намедонам бигӯям ё нагӯям, бибисанам ҷоне, анори якдоне.
Вақте ин дубайтиро мехонад, дар рӯ ба рӯяш ба ҷуз бародараш каси дигаре нест.
Агар клипи ин таронаро тамошо кунед, дар навор баъзан як духтари дигаре низ намоиш дода мешавад, аммо ҳузури ӯ ба мантиқи суруд ягон таъсире намерасонад, зеро дар қисмати дуюми тарона рубоиро бародару хоҳар якҷо иҷро мекунанд. Гузашта аз ин, на ҳама имкони тамошои клипро дорад ва аксарият аз тариқи радио, мошин, ва нуктаҳои фиттафурушӣ танҳо сурудро мешунаванд…
Хело аҷиб аст, ки ин сурудро барои Сурӯш ва Нигора-Исматулло Холов, падари онҳо оҳанг бастааст. Исматулло, ки воқеан як нафари аз мусиқӣ ва мантиқ огоҳ аст (ба шунидам маълумоти олии филологӣ дорад), ба чӣ хотир барои фарзандонаш чунин дуэтеро интихоб кардааст, барои ман нофаҳмост. Фикр мекунам, барои бисёриҳо низ. «Бибисанам» суруди худи Исматулло Холов аст ва маҳз иҷрои ҳамин тарона дар авохири солҳои 80-уми асри гузашта ӯро машҳур карда буд. Аз паҳлӯи дигар ин тарона набояд дуэт суруда шавад, зеро он сирф суруди мардона буда, мухотаби он-бибисанам бону аст. Мантиқан, ҳеч бонуе мардро бибисанам намегӯяд.
Ҳоло дар шоу бизнес расми тозае роиҷ аст; бозхонӣ кардани сурудҳои «Ниёгон». Шояд Сурӯш ва Нигора низ ба ҳамин хотир «Бибисанам»-ро интихоб кардаанд.
Дуэти дигари онҳо «Дили ҷангӣ» ном дорад. Ин суруд хело пештар аз «Бибисанам» тавлид шудааст. Онро Сурӯш ва Нигора дар барномаи солинавӣ низ иҷро кардаанд.
Шоҳписарӣ, Тоҷисарӣ-мехонад Нигора ва Сурӯш баъди ҳар калима бо нишони тасдиқ «оре» мегӯяд. Идомаи суруд, ки Нигора мехонад:
Гуфтори дил мебарӣ, Нозаму чанд мехарӣ (маълум аст, ки ин таронаи эронист).
Баъдан бародару хоҳар якҷоя месароянд:
Вой-вой-вой,
Вой, ки ту ситезӣ,
Бозам хеле азизӣ,
Бо дили ман беҳуда дар ҷангу ситезӣ,
Дил бо ту ҷангӣ,
Бе ту берангӣ…
Навбати Сурӯш мешавад:
Хоби обе дорӣ,
Гуфти дӯстам дорӣ,
Магар аз ман чӣ дидӣ,
Дил ба дилам намегӣ.
«Пайғом» аз дигар таронаи муштараки Сурӯш ва Нигора аст, ки ҳамчунин бозхонишудаи суруди эронист. Ин дуэт ҳам марзи ахлоқи хоҳару бародариро ҳазорҳо чақрим убур кардааст. Сурӯш бо ишора ба хоҳараш мегӯяд «Барот пайғом гузоштам, ки ҳеч каси дигарро дар ин дунё ба ҳадди ту дӯст намедорам». Ва бовар кунед, ин ҷо сухан аз он муҳаббати бародариву хоҳарӣ намеравад. Инҷо ишқе васф мешавад, ки Лайливу Маҷнун доштанд. Ва боз Сурӯш ва Нигора пушт ба пушти ҳам гузоштаву ин таронаро иҷро мекунанд, мисли маҳбубаҳо.
Фикр мекунед, ин таронаест, ки бояд бародару хоҳар якҷо иҷро кунанд? Аммо дар таронае, ки ба муносибати 20-солагии Истиқлоли миллӣ таҳия шудааст ва «Ватан» ном дорад, хушбахтона хоҳару бародар танҳо муҳаббати худро ба Ватан изҳор мекунанд. Беҳтар аст, ки Сурӯшу Нигора ва умуман ҳар бародару хоҳари дигари сароянда дар мавзӯъҳои лирикӣ муштарак тарона нахонанд, балки агар дуэтхонӣ мехоҳанд, мавзӯъҳои бетарафро интихоб намоянд.
Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматулло низ чанд суруди якҷоя доранд. Онҳо низ аз «кӯлбори ниёгон» фаровон истифода кардаанд. Таронаҳои муштаракашон аслан сурудҳоеанд, ки падари онҳо- Кароматулло Қурбонов, хонандаи саршиноси тоҷик иҷро кардааст. Дуэтҳои онҳо низ фарогири мавзӯъҳои муҳаббатанд ва аслан бояд аз ҷониби як нафар иҷро шавад. «Чанд ба дидаҳои чор» намунае аз ин гуфтаҳост.
Тарона ин гуна оғоз мешавад:
Чанд ба дидаҳои чор,
Рӯз кунам шабҳои тор,
Чашми ману ситораҳо,
Дар сина қалби беқарор…
Ин мисраҳоро нахуст Нозия ва баъдан бародараш мехонад. Таври маълум, танҳо ошиқ бо «дидаи чор», шабҳои торро бо дили дар сина беқарор ба рӯз мебарад. Ва агар ин тарона дар алоҳидагӣ суруда шавад мушкиле надорад, аммо вақте Нозия мегӯяд, ки: «Фасли баҳор омадаст, Мужда зи ёр омадаст»-у Муҳаммадрофеъ ҳамовоз мешавад, ки «Дил ба каманди ӯ, Чун гули хор омадааст» аллакай чизи дигар аст. Ё дар идома вақте бародар мехонад: «Эй ғами дерпои ман,
Дилбари бевафои ман» ва хоҳар меафзояд : «Бо ғами дерпои ман, Бастаи дасту пои ман» шумо чӣ фикр мекунед?
Инаш гапи дигар
Аз миёни бародарону хоҳарони дуэтхон то имрӯз танҳо як таронаро шунидаам, ки дар он ишқи муҳаббат не, балки дӯстдории бародаронаву хоҳарона васф мешавад. «Ҷон хоҳар, ҷон ҳоҳар, ҷон хоҳар»,- мехонад писарча ва духтарак «бародар, бародар бародар» мегӯяду дар якҷоягӣ мехонанд, ки «умеди модар нури чашми падар».
Ин таронаро фарзандони овозхон Ҳасани Камол иҷро мекунанд.
Тақрибан чанд сол пеш суруде шунида будам, ки як бону иҷро мекард. Ба ростӣ ному насаби сароянда аз хотирам рафта, аммо мазмуни сурудаш то ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Ин овозхон бо ишваю нозу карашма таронаи маъруфи «Ҷон додаракам»-ро мехонд. Ӯ таронаро ба танҳоӣ мехонд ва чизи риққатовар ин буд, ки овозхон вақте мегуфт: «Ҷон додаракам, ҷон дилу ҷон додаракам, Сандуқчаи симу заргарон додаракам» рубоӣ ин гуна буд:
Ай боло миёй, лаби ту хандон нашавад,
Ман ёр мегирум, дили ту вайрон нашавад.
Ман ёри дигар гируму ту ёри дигар,
Сад сол гузарад ишқи ту пинҳон нашавад.
Бонуи мутаалиқи ду «овозхон»
Акнун бигзарем аз бародару хоҳарон ва суроғи ҷӯраҳое меравем, ки ба як духтар изҳори муҳаббат мекунанд. Чунин таронаҳо он чунон зиёданд, ки ҳисобаш гум. Аммо инҷо танҳо барои намуна «зикри хайр»-и чанде аз онҳоро мекунем. «Марав». Сайёд ва Раҷабалӣ бо ҳамин ном таронаи муштараке доранд, навори клипмаобе низ. Яке аз онҳо мехонад, ки:
Марав ёри аввлини ман,
Туи ганҷи беҳтарини ман.
Ба бозори ҳусни дилбарон,
Зебо ҳастӣ дилбари ман.
Овозхони дигар низ айнан ҳами гапҳоро такрор мекунад. Дар клипе бар матни ин суруд, ки бо коргардонии Ш. Сафаров таҳия шудааст, ин ду нафар гирди гулхан нишаставу аз ишқи як духтар алам мекунанд. Дар навор бошад, духтари шӯхе пайдо мешавад, ки миёни чаманзор хурсандона рақс мекунад. Шояд ифтихор дорад, ки дар ин замонае, ки бо иллати ба мардикорӣ рафтани мардҳо теъдодашон дар Тоҷикистон кам аст, ду ҷӯра аз пасаш даводавӣ мекунанд?
Яке аз ҷӯраҳо ин замон мехонад, ки:
Зи ҳаҷри ту нола мекунам,
Туро масту вола мекунам,
Ҳама мушкилоти ишқи ту,
Ба Худо ҳавола мекунам.
Рафиқи ӯ бошад илҳом мегирад:
Биё ёри ман, ки хастаям,
Зи ранҷу ғам дилшикастаям.
Куҷо рафтӣ аз барам эй ёр,
Сари роҳи ту нишастаям.
Дар аксари таронаҳое, ки ду нафар иҷро мекунанд, мантиқ риоя намешавад. Дар мисоли зер на танҳо мантиқ, ки матн низ подарҳавост. Суруди «Вафо накадӣ»-ро Илҳом ва Эркин мехонанд. Ду нафар аз дунболи як духтар мегарданду аз бевафоияш мегӯянд, дар ҳоле, ки аз клип маълум мешавад он духтар онҳоро намешиносад. Чӣ гуна одамеро кӣ бори аввал мебинӣ бояд вафо кунад? Гузашта аз ин ду нафар дар ҳузури якдигар ба як духтар изҳори муҳаббат кардан дар куҷо дуруст мегирад? Мехонанд, ки «Бигӯ ту куҷоӣ?», аммо бону дар пешашон истодааст».
Акнун ҳаволаи ҳамаашон ба Вазорати фарҳанг…
Ё ҷаноби Асрорӣ ин «асрор»-ро мекушояд?
Ин гуна мисолҳо мутаасифона беҳисобанд… Дар онҳо на матн, на мантиқ ва на тавре мусиқашиносон гуфтанашро дӯст медоранд, «нозукиҳои санъат» риоя намешаванд. Дар шоу бизнеси Тоҷикистон кай фарҳанги мантиқи таронаҳо шакл мегирад, барои касе рӯшан нест. Насли калонсол ба хотир меорад, ки дар замони шӯравӣ ҳар суруд танҳо баъди аз Шӯрои бадеӣ гузаштан, манзури бинандаю шунаванда мешуд. Вале имрӯз собит гардид, ки барои шӯҳрат ёфтан аслан бе ТВ ва радио ҳам метавон муваффақ шуд.
Воқеан, чун болотар аз фарҳанг гуфтем, вазорати фарҳанг ба ёд расид. Оё ин ниҳоди ҳукуматӣ муваззаф нест, ки ҷиҳати асолати санъати тоҷик заҳмат бикашад? Агар не, пас масъулияти онҳо аз чӣ иборат аст? Гузашта аз ин масъулони ТВ ва радио низ изҳор медоранд, ки онҳо муваззафанд таронаҳои бемантиқро ба эфир роҳ надиҳанд, ҳарчанд ин иддао низ баҳсбарангез аст. Пас ҳатман бояд ниҳоде бошад, ки дар маҷмӯъ мантиқи суруду мусиқиро назорат намояд, то таъсири ин гуна "падидаҳои нав" фарҳанги моро поин набарад ё гапам нодуруст?
Маҳбуби Ганҷаалӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |