Ҳушдори Кабирӣ аз таъқибу фишор дар остонаи интихобот ва даъват ба сабр
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи корӣ ба пайравони ҳизбаш аз фишору таъқибҳои эҳтимолӣ дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 ҳушдор додааст.
Ӯ дар вохӯрӣ бо аъзои раёсати олии ҲНИТ ва масъулини дафтари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе гуфтааст, шеваи баргузории ин интихобот аз интихоботҳои қаблӣ фарқ хоҳад кард ва бояд масъулини ҳизб омодаи ҳар гуна фишору таъқиб бошанд: “Агар дар интихоботҳои гузашта мо фишору монеаҳоро дар лаҳзаҳои охир ҳис карда бошем дар ин интихобот аз рӯзҳои аввал дучори мушкилоту монеаҳои зиёд шудан аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин моро зарур аст, аз ҳоли ҳозир худро омодаи ҳама гуна таъқибу фишор намоем, зеро табиати ин роҳ ҳамин аст”.
Раиси ҲНИТ дар идома аз масъулини ҳизбаш даъват кардааст, дар асоси қонунгузории кишвар худро ба интихоботи парлумонӣ омода карда, барои бартараф кардани ҳар гуна фишору таъқиб аз роҳҳои қонунӣ кор бигиранд. Кабирӣ бори дигар ба зертобеони худ тавсия додааст, ки аз сабру таҳаммулпазирӣ кор гирифта, дар фаъолиятҳояшон устувор бошанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахиран эълон кард, дар интихоботи парлумонии соли 2015 - 40 нафарро номзад хоҳад кард. Ҳоло ин ҳизбро дар парлумон ду нафар – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ намояндагӣ доранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |