Бахшҳо

Афзоиши 100%-ии фоҳишаҳо ва баҳси муҷозоти мизоҷонашон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи муҷозоти мардоне пардохтааст, ки аз хизмати фоҳишаҳо истифода мебаранд.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” омӯзиши ин масъала дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки теъдоди фоҳишаҳои сабтшуда дар Тоҷикистон ба 2 ҳазору 471 нафар расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд мебошад: “Миёни фоҳишаҳо 1300 нафар аз 18 то 30-сола, 1 ҳазору 171 нафар аз 30-сола боло ва 31 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.”

Қаблан Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, бештар шудани саффи фоҳишаҳо дар кишварро далели он гуфт, ки чораҳои то ҳол андешидашуда дар ин самт бе ҳосил будаанд. Раиси Кумитаи занон аз натиҷаи суҳбат бо занони танфурӯш изҳор дошт, ки сабаби асосии даст задани онҳо ба ин кор, пеш аз ҳама, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ, бекорӣ ва ғайра мебошанд.

Хидирзода, инчунин, мардонро гунаҳкор кард, ки барои густариши фоҳишагии занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Ӯ бозорро мисол овард, ки “агар талабот зиёд бошад, мол низ зиёд мешавад”. Хидирзода ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши фоҳишагӣ дар Тоҷикистон аз мардон даъват намуд, аз истифодаи хидмати фоҳишаҳо худдорӣ кунанд.
Мӯҳр
шахрванд
хами бечорахоро хам аз хлеб монед..

инсон
Бехтарин кор мешавад, ки мардони бо фоишахо капидашударо расмхояшонро дар интернет партофта (монда) шавад. Хама ки дид шарманда шуда дигар намекунад ин корро. Ин чарима кати кор пеш намерад. Баъд ин, ки нисбат ба фоишахо корхо суст шуд чаноби вазир. Як сар кардеду боз кучаву хонахои шахр пур шуданд аз ин занхои беномус. Лачома суст мондед. Илтимос нисбати мардон конуни сахт бароварда шавад.

БУЛБУЛ
МУХТАРАМ хИДИРЗОДА ИН ПЕШНИХОДАТОНРО БА ВАЗОРАТИ КОРХОИ ДОХИЛИ ВА КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИ НАМОЕД. ТО ИН КИ ОНХО ИСТИФОДА АЗ МАКОМИ ХУД АЗ ИН АМАЛХОИ НОМАТЛУБ ЧИЛВАГИРИ НАМОЯНД.

Абу Мухаммад
Зан касест, ки талаб карда мешавад мард бошад талаб кунанда чун зан худро эхтиёт кунад ва аз либосу рафторхое, ки талабгорро бедор мекунад худдори намояд ягон мард аз паси зан намеравад. Бехтарин рох тарси Худоро ва бовари ба хисобу китоби рузи чазоро дар дил доштан мебошад.

Ин хел занхо кор кардан, захмат кашидан намехоханд ва даст ба хамин корхои номатлуб мезананд. Пули бедарду миён мефорад. Худо инсофшон бта

Сорбон
Фохишагй касб аст ва онро аз байн бардошта намешавад. Мумкин онро муваккатан кам кард, вале дар мачмуъ бехуда. Тасаввур кунед дар кадом кишвар фохиша нест. Дар хамон Эрони исломй, Аморат, Арабистони Саудй, Амрико, Олмон, Каокистон ва... низ намояндагони ин касб хаст.

Бобои барфи
Agar diskatekahora kordor nawida, masjidhora mahkam knan oqibatw hami mewava

Мухаммад
Ин масъала халли худро дорад. 1-Ба Ислом наздик шудан. 2-Бисёрзаниро расман ичрзат додан.

кушиш ба хотири кохиш додани ин раванд хуб аст лекин чуноне, ки аз конунгузории точикистон дар гузашта дар дигар мавридхо дида истодаем сахми конунгузори факат ба хотири мучозот кардан ва пул кардан на ба хотири кам кардани фохиша аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)