Тамдиди ҳабси тоҷиконе, ки мегӯянд гуноҳе надорем
Додситонии Ҳарами Миср муҳлати ҳабси пешакии чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки охирҳои моҳи сентябри соли равон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо созмони террористиии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) дар ин кишвар боздошт шуданд, тамдид кардааст.
Ба иттилои расонаҳои мисрӣ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарори Аҳмад Ҳомид, додситонии Ҳарам дубора ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, зимни эълони қарори додситонӣ, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ҳузур доштаанд. Ин қарори додситонӣ дар ҳолест, ки афроди боздоштшуда қаблан низ барои идомаи тафтишот ба муддати 15 шабонарӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон шаби ҷумъа ба шанбеи 20 сентябри соли равон дар минтақаи Ҷиза дар маҳалли аҳромҳои бостонии Миср дастгир шуданд. Мақомоти амниятии Миср онҳоро дар ҳамдастӣ бо ДИИШ муттаҳам карда, гуфтанд, ҳангоми бозҷӯии мошини ҷавонони тоҷик ашёи машкук, аз ҷумла либосҳои сафеду сиёҳ, дастпӯш ва як дона ханҷару ду дона телефони мобилӣ, ду дона печгуштӣ (атвёрка) ва ноотбук ёфтаанд. Аммо боздоштшудаҳо тамоми иттиҳомот алайҳи худро такзиб карда, изҳор доштаанд, бо ҳеч гуруҳе ҳамкорӣ надоранд ва наворҳои дар телефони ҳамроҳашон буда аз интернет гирифта шудааст. Хабаргузориҳои Миср аз қавли боздоштшудаҳо навишта буданд, ду нафари онҳо донишҷӯи донишгоҳи Азҳар ва дуи дигар меҳмон мебошанд. Дар бораи ному насаби афроди боздоштшуда, на сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ва на расонаҳои хабарии Миср чизе то ҳол нагуфтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |