Бахшҳо
06 окт 2014 10:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон сафари худро ба Хатлон аз ноҳияи Панҷ оғоз намуд

Имрӯз, 6 октябр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон сафар кард.

Боздиди кории раисҷумҳур аз ноҳияи Панҷ оғоз ёфт. Дар оғози сафари корӣ, ҷаноби Раҳмон дар расми баҳрабардорӣ аз як меҳмонхонаи навбунёди шахсӣ ва маркази савдои Файзи Кабир иштирок намуд. Дар ҳамон ҷо хатнасури дастаҷамъонаи 100 писарча ва тӯи 6 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд.

Дар ҷамоати шаҳраки Панҷ як коргоҳи дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим аз зарурат ва имконоти рушди ҳунарҳои зебои дастӣ - гулдӯзию зардӯзӣ ва қолинбофии дастӣ гуфта, таъкид дошт, ки ба ин васила метавон ҳазорон нафар занону духтаронро дар хонаҳояшон бо кору даромади хуб таъмин кард.

Дар хоҷагии деҳқонии Ҷонони ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов, Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори кишоварзон шинос шуда, бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Панҷ мулоқот намуд. Раҳмон дастур дод, ки бо назардошти афзоиши талабот ба сабзавоти барвақтӣ, хусусан картошка ва пиёзу сабзӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, майдони кишти ин зироатҳо дар ин ва дигар ноҳияҳои кишвар васеъ карда шавад.

Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Панҷ, президент барои суръат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, боло бурдани нишондодҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва дигар тадбирҳои муҳим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Окои Рахмонов ба фармон додан намешавад аз худад сар карда аммал бояд кард чихелеки Бедил мегуяд тавба фармоен худашон тавба камтар мекунанд фармон додестики обод кунед о барочи обод карданро шуруь намекунед то аввал худад аммал накуни ба дигарон фармон додан бефоида аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)