Қирғизистону Қазоқистон 4 октябр Иди Қурбонро таҷлил мекунанд
Идораи муфтиёти Қирғизистон шанбеи 4 октябрро Иди Қурбон эълон кардааст.
Ба иттилои Мақсад Токтомушев, муфтии Қирғизистон, соати 7:00-и субҳи 4 октябр дар саросари ин кишвар намози ид хонда мешавад. Расонаҳои қирғизӣ менависанд, бахшида ба Иди Қурбон сокинони Қирғизистон се рӯз истироҳат хоҳанд дошт.
Муфтиёти Қазоқистон низ ахиран бо судури як қарор 4 окябрро рӯзи Иди Қурбон дар ин кишвар эълон кард. Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз Иди Қурбон рӯзи якшанбе, 5 октябр таҷлил хоҳанд кард. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар, Иди Қурбон ё Азҳоро 5 октябр, дақиқан дар рӯзи таваллуди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъин кардааст.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |