Талаби 3 миллион аз қотилони Салоҳиддин, муҳоҷири сарбуридаи тоҷик
Муҳаббатшоҳ Азизов, падари Салоҳиддин, муҳоҷири 20-солаи тоҷик, ки 6 сол қабл ба таври ваҳшиёна дар Русия кушта шуд, аз қотилони писараш се миллион рубли русӣ товони зарари маънавӣ талаб кардааст.
Муҳаббатшоҳи 60-сола мегӯяд, бо гузашти шаш сол ҳанӯз ҷасади сар аз тан ҷудои писараш аз пеши чашмони ӯ дур намераваду руҳан азоб мекашад. Ба гуфтаи Азизов, ӯ аз боздошту ҳабси омилони эҳтимолии куштори писараш қаноматманд нест: “мехоҳам ин талаби ҷуброн барои дигар қавмгароён ва мақомоти тафтишотии Русия панд шавад. Сахттарин ҷазоро нисбат ба онҳо раво бинанд. Ҳар як муҳоҷири кушташуда падару модар дорад, хоҳару бародар дорад”.
“Бисёр аламовар аст, ки падари ман 7 сол (аз соли 1940 то соли 1947) дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравӣ бар зидди фашизм ҷангид, хоки Русияро аз адӯ муҳофизат кард, захмӣ шуд, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳамсилоҳони дигари шӯравияш сарбаландона пирӯз омад, аммо имрӯз барои ману фарзандонам ва тоҷикбачаҳо дар ин кишвар имкони кору дарёфти пайса намедиҳанд. Магар падару бобоҳои мо барои пойдории кишвари рус ва мардуми Русия ҷонбозиҳо накарда буданд? Чаро дар Русия аз ин сарсупурдагиҳои падарони мо фаромӯш кардаанд?!”- изҳор дошт ӯ.
Салоҳиддин Азизов, сокини 20-солаи ноҳияи Шаҳритус 8 декабри соли 2008 дар яке аз ҷангалзорҳои вилояти Маскав ба таври ваҳшиёна шуда буд. Субҳи рӯзи дигар сари аз тан ҷудои ӯ дар дохили пакети полиэтиленӣ аз сӯи фарроше пайдо гардид. Ин қазия дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои шадидеро ба миён овард. Аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як нотаи эътирозӣ аз мақомот таҳқиқи ин қазияро талаб карда буд.
Додгоҳи шаҳри Маскав ахиран Никита Тихонов, яке аз роҳбарони ташкилоти миллатгароёнаи “Созмони ҷангии миллатгароёни рус”-ро ба муҳлати 18 сол равонаи зиндон кард, ки дар куштори Салоҳиддин Азизов низ айбдор мешаванд. Тихонов ба даҳҳо куштор аз сӯйи зертобеонаш иқрор шуда, аз ҷумла эътироф кардааст, қатли пурсарусадои шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизовдар моҳи декабри соли 2008 низ кори дасти гуруҳи ӯст.
Дар акс Муҳаббатшоҳ Азизов Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |