Бахшҳо

ҲНИТ: Ду нафарро хориҷ мекунанд, 4 нафар аъзо мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши иттилоияе аз ихроҷи иҷбории бархе аъзоёнаш аз сӯйи мақомот хабар додааст.

Дар ин иттилоия, ки торнамои расмии ҲНИТ нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад: “Давоми як ҳафта тавассути фишори мақомоти амниятӣ дар ноҳияи Шӯрообод 4 нафар ҳизбро тарк кардаанд”. Шодӣ Зиёев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шӯрообод гуфтааст, мақомот ҳатто барои берунории афроде аз саффи ҳизб талош доранд, ки ҳеч гуна мансаби давлатӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, “ҳатто аз номи аъзои ҳизб нафари дигаре ариза навишта ба онҳо медиҳад, ки онро ба раёсати бахши ҳизб оварда, худро аз ҳизб берун созанд”.

Масъулини ҲНИТ ин иқдоми мақомотро як навъ муборизаи интихоботӣ ва поин бурдани теъдоди ҳаводорони ҳизбашон дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 хонда, гуфтаанд, чунин талошҳо наметавонад саффи ҳаводоронашонро коҳиш бидиҳад: “Ҳеч фаҳмидан намехоҳанд, ки бо берун кардани 2 нафар - 4 довталаб ба ҳизб мепайвандад”.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягона ҳизби исломии сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ мебошад. Он дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ аст ва ба гуфтаи масъулинаш 42 ҳазор узв дорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Сафед
Дуруги махзи навбатии ХНИТ.
Ба фикрам кормандони хнит умуман математика хондаги нестанд, вагарна чихел ду кас мерафтасту чор кас аъзо мешудаст вале шумораи хизбиён хеч ба 50.000 наффар намерасад?
Хуб мешуд, ки вазорати адлия ба масъалаи шумораи хизб таваччух мекард ва бекор кардани ичозатномаи онро масълагузори менамуд.

Зинда бош ХНИТ мо бо шумоем.имруз ягона хами нахзат дар Точикистон ас Ислом дифоъ мекунад.

АБДУ
БАТАХКИК ХИЗБИ АЛЛОХ ГОЛИБ ХОХАД ШУД. СУРАИ ОЛИ ИМРОН

сорбон
Агар шиахоро аз сафаш дур мекард шояяд 100.000 мешуд. Помехаш хамин аст. Так что думай баратан К.

ДОНИШЧУ
ДУРУДУ САЛОМУ ХУДО КУВВАТ БА ХИЗБИЁНИ РОХИ ХАК ВА ХАВОДОРОНИ ОН. ХАЗОРФОИЗ РОСТ АСТ. БО ЧУНИН КОРХОИ ЗАНАКИЮ ТАРСУИЯТОН ЯГОН ХАС ВА ЯГОН АЪЗО АЗ ХИЗБИ НАХЗАТ КАМ АХОХАД ШУД БАЛКИ ЗИЁД ШУДА ИСТОДА АСТ. ФИТРАТИ ХАР ШАХСИ ТОЧИКИСТОНИ ХУДО ПАРАСТУ НОТАРС АСТ ИНШОАЛЛОХ...

абду
МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН 99% МУСАЛМОН ГУФТА ДАЪВО ДОРАД АММО ДАР САХИФАХОИ ИНРНЕТ ВАКТЕ САВОЛУ ЧАВОБИ БАЪЗЕХОРО МЕХОНАМ ЗИДДИ ДИНИ АЛЛОХ ЗИДДИ ХИЗБИ ИСЛОМ ЗИДДИ СУННАТИ ПАЙОМБАРИ ХУДО С.А.В. СУХАНХОИ МЕНВИСАНД КИ ИНСОН БА ХАЙРАТ МЕМОНАД.НАСРОНИ ЯАХУДИ.БУТПАРАСТ АЗ ДИНАШ ДИФОЪ ВАМУХОФИЗАТ МЕКУНАД АММО БАЪЗЕ ТОЧИКОНИ МО ХУДРО МУСАЛМОН МЕНОМАНД ВАЛЕ ЗИДДИ ИСЛОМАНД

Салмон
Эй хизбиён, оё дидед, ки дар Ирок ДИИШ бо мардуме ки хизби сёсии исломй карда буданд чи карданд? Дар Ислом як хизб аст, ки он хизби Аллох аст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)