Бахшҳо

"Фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст"

Луқмон Бойматов, муаррих

Агар Худованд бихоҳад мардумро бузург намояд онро аз бахшиш ва покдоманӣ баҳраманд гардонад ва агар бихоҳад қавми ӯро нобуд созад, роҳи хиёнатро ба рӯи онон бигшояд. (ҳадиси Паёмбари Ислом)


Чанд рӯзи ахир, дар сафаҳоти нашрия ва сомонаҳои интернетӣ баҳси бурду бохти истиқлоли ҷумҳурӣ дубора доғ шуд. Иддае аз рӯшанфикрон ва коршиносони кишвар дода шудани бахши кӯчакеро аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба Чин яке аз намунаҳои боризи бохти истиқлоли миллӣ маънӣ кардаанд. Ва ин дидгоҳ дер боз аст, ки дар афкори умум ҷо гирифтааст.

Мавзӯи мазбур ҳанӯз ба гунае, ки комилан илмӣ бошад, мавриди баррасии коршиносони дохилу хориҷ қарор нагирифта ва мусаллам аст, бо далоиле ба ин зудӣ қарор нахоҳад гирифт. Дар зимн, баррасӣ ва таҳқиқи қазияи пешомада кори осоне нест, чун ҳеч як аз мутахассисон асноди асл ва лозимро дар ихтиёри хеш надоранд ва гузашта, заминаҳо, далоилу шароити қабули ин тасмим ва мавориди бисёре ҳастанд, ки ба касе маълум нест. Вале арзёбии ин иттифоқ аз диди фалсафаи таърих ва меъёрҳои ахлоқи иҷтимоӣ биёр муфид ба назар мерасад.

Қабл аз ин ки ҳамчунин рӯйдоди сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ кунем, нахуст бояд посух ба ин суол бидиҳем, ки хоки Ватан мутааллиқ ба кӣ аст? Ба давлат ва ё миллат? Агар ба давлат аст, пас дар тасмими анҷомшуда усули демокросӣ мутлақо риоят нашуда. Ва агар авлавият дар тасмим бар миллат бошад, пас эҳтироми миллат ба ҷо оварда нашудааст. Аммо ҳақиқати маҳз ин аст, ки хоки Ватан амонати миллат бар гардани давлат аст ва ҳеч давлате (шахсе ва ё гуруҳе бо ҳар ном), бидуни машварат бо миллати хеш ҳаққи «буридану пора кардан»-и амонати аҷдодро надорад. То замоне ки ҳукумат дар ҳоли машварат бо миллат бошад назараш дуруст аст, вале он гоҳ, ки бо толибону муддаъиён машварат намояд, хиёнат бар миллат ва хидмат бар толибон аст. Он гоҳ, ки эҳтиром нест, андешаи саҳеҳ аз миён бардошта мешавад.

Ҳамагон шоҳидем, замоне ки мавзӯи "пас додани хоки Чин" барои Чин ошкор шуд, миллат ба ғафлат буд ва ҷомеаи ноогоҳ бо сабаби гирифториҳои худ, ба он чӣ ки дар бахши сиёсат сурат мегирифт, беаҳамият буд. Он ҳангом, ки доду фарёди чанде аз рӯшанфикрон перомуни аз даст рафтани ганҷи миллат, ба гӯши ҳеч касе нарасида ва бо камоли таассуф ҳанӯз ҳам миллат тибқи усули "фақат домани ман насӯзад" аксуламал менамояд. Аммо бехабар аз он ки домани номусаш сӯхтааст!

Аз рӯи ахлоқи иҷтимоӣ қазияи "пас додани хоки Чин" фавқулодда шармовар аст ва ба ҳеч мантиқ ҳамоҳанг нест, магар ба манофеи гуруҳу гуруҳакҳо. Бо ин амал арзиши гаронмояи ахлоқии бузургони адаби хешро низ зери суол бурдем. Чунончӣ, бо ин ки худро бузург мепиндорем ва ба фарзандон аз ғояҳои ватандӯстии "Шоҳнома"-ву осори дигари ҳакимону адибони гузашта мегӯем, вале дар баробари аъмоли ватанфурӯшии ҳамватанон, оҷизем. Аз садоқат ба ватан мегӯем ва бо ҳарфҳои поку муқаддас савганд мехӯрем, вале хиёнатҳоро наметавонем ошкор созем.

Гуфторамон дигар асту кирдорамон дигар. Чӣ гуна тааҷҷуб наметавон кард, бо ин ҳама маниятҳои академикҳои фалсафафурӯш ва худбартарбиниҳои донишмандони ҳамадон, ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ба дурустӣ ба маънии садоқату хиёнат даст пайдо накардааст. Ин ҷост, ки ба хато бар ин гумонем, ки хиёнату фарор аз масъулият фақат хӯйи қишри пойини ҷомеъа аст ва бар онем ки гӯӣё болонишинҳо ҳаргиз хиёнат намекунанд! Ин дар ҳолест, ки сахтарин зарбаҳо бар ниҳоди ватан аз болонишинон фурӯ мерезад.

Дуруст аст, гуфтаанд, аз зиёдии маллоҳон, киштӣ ғарқ мешавад. Дар ҳақиқат, аз зиёдии "раҳбарони мутафаккир" тавоноии тафаккури миллӣ низ хушк мешавад! Маддоҳони ҳарзагӯ ва холибандони олӣ миллатро то ба ҳадде гӯлу гумроҳ карда ва бо камоли пуррӯӣ ҷароиму хиёнатҳоро айни «посухи мантиқиву дипломосии сари вақт» донистаанд.

Шармандагист, ки ҳамагон Ватан-Ватан гӯён бо хулқи хеш бар домани покаш хиёнат мекунем. Дурӯғ мегӯем, риё мекунем ва мехоҳем, ки дигарон тасдиқ кунанд, вале бо ин амали хеш хиёнати бузурге бар виҷдони хеш мекунем. Ҳатто бо сукутамон дасти ҳамкорӣ ба хиёнат медиҳем. Пок аз ёд баровардаем, ки "хиёнати бузург он аст, ки дигарон туро тасдиқ кунанд, вале ту дурӯғ бигӯӣ." (ҳадиси Паёмабари Ислом). Ҳақиқати талх ин аст, ки мо ҳама хоини рӯзгори хешем.

Шояд дар маҳдудаи собиқ Шӯравӣ ҳеч кишвареро наметавон ёфт, ки дар қазияи ватанфурӯшӣ аз тоҷикон пештар бошад. Имрӯз, ба ҷои ин ки аз аъмоли ношоиставу ноҷавонмардонаи хеш пеши наслҳои оянда маъзарат пурсем, бо ҳам ҳатоҳои хешро аз ношоистарин роҳҳо дифоъ мекунем, ки гӯӣ кори хуберо барои саодати ояндагони хеш анҷом дода бошем.

Бо сабаби ноогоҳӣ, дар ин бозиҳои бузург ва касифи сиёсат мо бахтаем. Барандагонро маҳкум нест ва бозандагонро ҳамеша маҳкум аст. Фаҳмидани онҳоеро, ки ҳамакнун хиёнатҳоро бо як сафҳа коғаз, ки номи онро "қарордод" ва ё "мувофиқатнома"-ҳо номиданд, сипар мекунанд, бисёр сахт аст ва низ сахтар аст дарки онҳоеро, ки аз кадом як роҳе тасмими ғалатро дифоъ мекунанд ва мегӯянд, ки он пораи хок арзиш надошт, чун рӯяш чизе намерӯид! Ба ин идда аз олимон ва коршиносони якшаба суоли тамсилӣ ин аст: Кадоме аз узви солими ӯро аввал қатъ кунанд хуб аст? Аввал дасти чап ё дасти росташро? Ё худ интихоб кунад кадоме аз узви солимаш изофа дар сиришташ аст? Ӯ чӣ посухе хоҳад дод?

Ва суоле ҳам ба маддоҳон ва ҳомиёни кӯрсират ин аст, ки чаро онон бидуни ин ки дуруст бияндешанд, ба ҷои масъулини давлат ҳозирҷавобӣ мекунанд? Ба фарз, агар масъулин он пораи хоки ватанро бар толибонаш намедододанд, ин ду иддаъ аз коршиносон, ба мардум чӣ мегуфтанд? Дирӯзҳо аз душманон менолидем, ки сарзамини падаронамонро "табартақсим" карданд, вале акнун аз худ чӣ нолем, ки амонати аҷдодро ба бегонагон муфт додаем! Эй кош, ҳушёр мебудем ва мефаҳмидем, ки фурӯхтани як ваҷаб хоки Ватан нангинтарин амр бар домани поки Ватан аст. Оқибатҳои ин тасмими ғалат ва иқдоми боаҷаларо ҳеч кас наметавонад пешгӯӣ кунад, чун наслҳои оянда наёмадаанд ва ҳукми онҳоро нисбати ин қазия касе нахоҳад донист. Ҳар насл ҳокими асри хеш аст!

Ҳадисе ҳаст, ки амонат боиси афзоиши рӯзӣ ва хиёнат боиси ниёзмандӣ мешавад. Акнун, ки амонат аз даст рафта ва касе нахоҳад донист, ки чӣ ниёзмандиҳое мардуми тоҷикро дар пеш интизор аст?

Чӣ касе метавонад гӯяд, ки бо ин тасмими хеш тухмаҳои хусумати ояндаро миёни миллатҳои бузургу кӯчак напошидаем? Чӣ касе метавонад посух бидиҳад, ки наслҳои оянда ба хотири ҳаққи хеш равонҳои падаронро сарзаниш нахоҳанд кард? Чӣ касе метавонад рад намояд, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки ояндагони мо аз қаҳрамонони имрӯзи падаронашон муҷассамаҳои ибратомезе дуруст хоҳанд кард, ки як рӯяшон сафеду рӯи дигарашон сияҳ бошанд? Чӣ касе метавонад пешгирӣ намояд, ки насле, ки аз хиёнати мо дилхӯр мешавад, хоку устухонҳои моро бар бод нахоҳанд дод? Кадоме аз зиндаҳои имрӯз посухгӯи ҷиноятҳову хиёнатҳоямон дар назди фардоиён хоҳад шуд?

Фардое, ки ҷудо аз имрӯз бошад, нест ва ҳеч ояндае нест, ки ҳукми имрӯзро надиҳад. Рӯшан аст, насле, ки ин қазияро ҳукм мекунад, дур аз мо нест. Аммо бояд бар он лаҳза бияндешид, ки мабодо фарзандон тару хушкро ба ҳам сӯзанд!

Бо ин ҳама нигаронӣ, ба унвони як муаррих мегӯям: Бояд бар рӯи андешаҳоямон бияндешем, рӯи хатоҳоямон тафаккуру таъаммул намоем ва назди ин миллати мазлуму ноогоҳ, пеши фарзандони хеш сари маъзарат фурӯ ниҳем ва бипазирем, ки қазияи пораи кӯчаки хоки Тоҷикистон бо тамомии буъдаш дар сафҳаи рӯзгори миллат нанговар аст! Ин санад - мӯҳри сиёҳест дар пешонаи сафеди сарнавишти миллат! Ин бешарафтарин санадест, ки дар сафҳаи таърихи истиқлоли меҳан мондагор хоҳад монд!


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Ако Лукмон. Бисёр хуб навистаед, факат чанд савол дорам. Агар Чин тамоми Бадахшонро кашида мегирифт аз дастамон чи меомад. Факат нагуед ки мемурдему химоя ва гайра. Аз дасти Украина як республикаи калонро гирифтанд кани гап мезадаги хай ми. Кани барои Самарканду Бухоро гап занед. Бо гуфтани ин бешарафтарин санад аст шумо хато мекунед ва намедонед чи мушкилихо буд дар ин масъала. Амрико киро хохад мезанад киро хохад бомбаборон мекунад, кани созмонхои СММ, Эвропарламент, Хукукхои инсон ва гайра. Шумо дар бораи ба манфиати мардум будаги чиз нависед. Агар ранчонда бошам узр. Аллох нигахбони точикон.

Точик
Ин насли оянда наомада аллакай бахогузори сар шуд-ку. Окибаташ бахайр бошад.

муаллими таърих
Офарин ба фарзанди фарзонаи миллат устод Лукмон Бойматов. Амали бешарафтарини дигар ин рохи тайёри даврони шуравиро дар масири рохи Душанбе- Хучанд бидуни розигии халк пулаки кардану ва аз тарафи вакилони парламент аз андоз озод кардан мебошад.

Чаноби Лукмон Бойматов шумо ба харитаи замони шурави як назар кунед, ончо сархади байни помиру Хитой ба забони англиси ё руси навишта шудааст, ки : " в споре...". яъне хати асосии марз кашида нашудааст. Ва даъвои Хитой 28000метри квадрати буд, на 1100 м кв. Аммо хукумати Точикистон бо 1100 м кв хати сархадро кашид ва Хитой дигар тибки карордоди нав даъвои албокии заминро надорад ва нахохад кард. ( тибки карордоди солхои 1883... Хитой хак дошт то наздикихои Хоруг заминро гирад) Чаноби Лукмон Бойматов хамчунин ба навиштахои 24 соли пеш назар кунед: соли 1992 Хитой аз Россия 5000-6000 м кв, соли 1994-996 аз Казокистон 3000-4000 м кв, соли 1998 аз Киргизистон 800-900м кв ва соли 2008 аз Точикистон 1100 м кв гирифт ва танхо Точикистон ба ин бахс хотима гузошта аст, яъне хати сархад кашида шудаасту халос, албоки бахси сарзадиашон идома дорад.

Эх бародар..хаелпарасти кори хуб...хеч кас ва хеч гох намехохад заминашро дихад...ин дуруст..лекин агар дар сиесат намефахмед..камтар гап занед..аз молдова...кисми заминашро гирифтанд....аз гурчистон..кисми заминашро гирифтанд..украинаро пора пора кардаистодаанд...Шумо суханони хуб мегуед....аммо..бо Чин ..дар амал..нафас кашида наметавонед...ва таърихи масъаларо намефахмед...умуман ин гапхои дурустро игво мегуянд....бародари азиз..артишро ва Точикистонро таракки додан даркор...

Бо арзи сипос ба окои Саид! Агар тарзи тафаккури мо тарсу бандаги бошад, зургуёни атроф порахои дигари сиришти миллатро хоханд гирифт! Фаромуш накунем, ки чашми харис сер намешавад. Чи касе кафолати онро метавонад бидихад, ки фардо Чин боз пораеро аз мо намехохад? Пас, бар пояи мантики шумо, хар зургуйе пораеро аз мо бихохад, барояшон бидихем, ба сабаби ин ки гуйё касе аз хакки мо наметавонад дифоъ кунад ва мо худ заъифу мазлумем? Шумо фикр мекунед, факат аз ин тарик амни давлату мардумро таъмин шавад? Пас, ин хама касамёдкунихои миллат ва тавсеъаи артешу низомиён, мухим ва арзанда будани дифоъи хар як вачаби хоки ватан ва... аз бахри чист? Шумо мавзуъи Самарканду Бухороро бидуни ин ки ба хадаф рабт дошта бошад, ба миён наёред! Вакте, ки мо наматавонем, моли худро дар дасти худ нигах дорем, пас чи гуна метавонем, харфи Самарканду Бухороро ба миён оварем? Фочиаи Самарканду Бухоро боз хам ба далели ноогохи ва беахаммиятии миллат нисбати такдири худ, рух дод. Агар рушанфикрон ва сисёсатмадорони миллат хоин намебуданд, харгиз падидаи "табартаксим" зухур намекард. Шумо аз мушкилоти пешомадаи казияи пораи кучаки Бадахшон хабар бошта бошед, пас бинависед, то мардум бидонад, дар кучо ишкол пеш омада? Дар огози макола навиштаам, ки хеч касе ба дурусти аз казияи мазбур огох нест! Аммо огох шудан ва донистани вокеъиятхо хакки мардуми ин хоку бум буд, ки ба кулл зоеъ шуда буд. Зарбулмасале хаст, ки "аз гунчишк тарси, арзан макор!" . Агар аз хакк, хуввият, истиклол, шаън, номус...- и худ натавонем дифоъ кунем, пас бехтар аст, миллату давлат надошта бошем!

Масчои
said,Эй бесаводи курсавод!Магар дар ПОМИР дар он заминхо ягон Хитои буд,ё ин ки замоне зиндаги кардааст,ки Хитой бояд он заминхоро мегирифт??? Киёс кардан бо чанги граждании Украина магар ин аблахи нест?Магар додани ин замин Хитойро бозмедорад агар хохад,ки ба ЧТ хучум кунад?Хол он,ки Хитой дар таърихи хазорсолааш беш аз 200 чанг карда дар ягонтоаш галаба накардааст.Америка харгиз мамлакатхои дигарро забт накардааст,танхо рохбарони он давлатхоро ба одамони худ иваз намудааст.Ва ин дунё бесохиб нест,ки Хитой тавонад тамоми помирро аз худ кунад. Магар замоне дар ин заминхо пои як Хитои буд ё на?Эй косалесони дарбори,эй хоинони миллат!Шумо на ор дореду на номусу на шараф!Руссия ба Хитой хатто он заминхоеро,ки дар асри 20 кашида гирифта буд надод ва бо вучуди хамин кадар бузургиаш хамаги 337 км квадратиро баргардонд дар мукобили 1100 км квадратие,ки Точикистони кучак ба Хитой "фурухт".Россия дар солхои 1845-1860 садхо хазор гектар заминхои Хитойро аз худ карда буд.Барои хамин бародари курсавод бо номи "мо аз Душанбе"пеш аз сухан кардан каме масъаларо омузеду сипас сухан кунед.Харчанд медонам,ки холо дар ин хукумати рахмон хатто як одами босавод кор намекунад.Казокистон,ки аз Точикистон хеле калон аст хамаги 407 км квадрати на 3000-4000км хокашро дод,Киргизистон бошад хамаги 12 км квадратиашро доду халос.Эй войи точик аз ин Механфурушон!Эй войи миллат,ки чунин шахсони касиф холо сари хукуматанд.Эй бенангу беномусон хамин чизро харгиз аз хотир набуроред.ВАТАН-МОДАР ин як мафхум аст ва фурухтани пораи ВАТАН ин фурухтани модар аст.Ин Модарфурушист!!!!!Бас кунед сафсатаву дуругу хазёни худро оиди чанг аз тарафи Хитой.Руссия подшохи ин заминхоро надода буд,Шурави надода буд,лекин хукумати Рахмон ДОД.Дар ягон харитаи дунё чунин суханхо(спорный)нест ва набуд.Ин суханхои аблахонаи худро дар инчо гуфтед дар дигар чой харгиз нагуед,ки бар холатон механданд.Эй модарфурушон,шумо албатта назди миллат чавоб хохед гуфт.Дуруст кайд карди якеат.Таърих аллакай бахои худро гузоштааст.Ва ин бахо "ХОИНИ"аз тарафи он шахсонест,ки гайриконуни пораи Точикистонро ба Хитой фурухтанд.Зеро САРКОНУНИ Точикистон ин корро ичозат намедихад.Ба наздики бошад боз чанд сад гектар замини точикон ба киргизхо гузашт.... Эй войи миллати точик аз чунин фарзандони нохалафи ватанфурушаш. Офарину сад офарин ба МУАЛЛИФ!Мо точикони хакики тарафдори гуфтахои шумо хастем.Ба шумо ташаккури зиёд.КИ ХАКИКАТРО ГУФТЕД.

карим
Бародар Саид ин ягон сиесат нест ин пул доллар лозим бошад ману туро низ мефурушанд.

Лукмон Бойматов,мебахшеду..Самарканду Бухоро..агар халкаш бинад ки Точикистон рушд ефта истодааст..дар хамаи чабхахо....дар сиёсат...иктисод..озоди ва фарханг аз Узбакистон хубтар шавад...кам кам миллати худро ед кунад....хисси милли пайдо кунад....пас даъвои мо..хохад амали шуд...набошад...онхо намехоханд бо мо хамрох шаванд...даъвои мо дар диламон мемонад....бародари азиз...мо дуст медорем худро ором кардан....андеша кардан ки бузургем..аммо имруз бинед...на акидахои дуняви на акидахои дини..тафаккури моро наметавонанд дигаргун созанд...кор кунем давлати муосир .шавем хамааш охиста охиста мешавад....амал..амал...дуруст мо точикхо махалпараст хастем...хамаамон ягон точик аз ин дур нест..баъзехо бештар ва баъзехо камтар..аммо хамма..акидаи милли нест...ана дар ин мавзуъ фикри чидди кардан лозим аст...фикре ки онро амали кардан дар шароити имруза бо камбудихову..бартарихо..проблемаи мушкил

Масчои,
Шумо бародар ин кадар эхсосоти нашавед...дар ин чо Руссия дод...Казокистон..дод..Киргизстон дод.....аммо Шурави барои як вачаб бо Хитой чанг кард....чаро имруз Россияи бузург ба Хитой аз он давра даххо маротиба заминашро дод....намефахмед....дарди дил кори хуб...бо оилаатон бародаронатон барои замини хавлиги чанг мекунед....биеед коре ки намефахмед..нагуед...Ояндаи Точикистонро дар рушд дидан даркор аст на дар патриотизми хаеливу...эхсосот...

Масчои,
чахон дигар шудаистодааст..хой бародар..медарояду мегирад...чи кор мекуни...ба кучо даъво мекуни....хаелпараст...гапишумобаринхоро гирем тамоман бе давлат боз хазор соли дигар мемонем...дар и н чахон....адолат нест..ва даъвои шуморо хеч кас намепарастад....як ба Гурчистон ва Молдавия назар кунед...эх афсус....шумо баринхо бо эхсости пур ва кувваи ночиз...харф мезанед..рушд кардан даркор иктисодиетро..хиенат ин коррупция аст..ватанфуруши ин махалгарои аст...ана пеши ин чизхоро ки ва чи мегирад...кани шунавам...аммо дод гуфтан куртаро кандан ..мо хам метавонем аз шумо кам нестем....

Ҳаким
Луқмон Бойматов як ин су он су нигоҳ карда истед, мо дар асри 21 зиндагӣ дорем, ако, на асри 6 ё 7, каме реалист шудан даркор, ако!.

карим,
Масчои! ( Дар баъзеи чойхо ракамои шумо навишта шудааст ва дар баъзе маколахо ракамхои навиштаи ман) Ё гуем ки ман иштибох карда бошам майлаш, лекин дуруг нанавиштам ку Россия, Казокистон ва Киргизистон хам ба Хитой замин додаас ку худат хам ин навиштаи манро эътироф кардаи. Чи фарк дорад як вачаб хоки заминро дихи ё 1100 м кв? "Суандузд хам дузд аст". Курсавод! Дар чое ки 28000 м кв -ро гиранд, 1100 м кв гиран бехтар нест? Бо як киргиз сар ба сар шуда наметонем зурмон намерасад, бо Хитой сар ба сар мехохи шави ки ана баъд 28000 м кв ро гирад? "Курсавод , ба шохи гов чанг наандоз"
Вакте ки шурави барам хурд, тамоми кишвархои Осиёи миёна аз ухдаи рохбарият баромадан ба чузъ шумо. Шумо рохбари карда натавонистед ки дар Точикистон чанг сар шуд. Акнун ин марди имруза кора ташкил кард, чангро нест кард, сулх овард, мамлакатро обод карда истодааст, шумо дида истодааед ки аз ухдаи кор баромада истодааст, лекин дар сари давлат ки ленинободи нест кабул надоред-а? Ё ин-ту не ми? Хамон падарфурушу модарфуруше ки гуфти худат хасти ки хоричихо шуморо бо пул харидаанд шикамотона сер кардаанд, бачахотон дар швецияву англияву ... дар университетхои бехтарин хонда истодаанд ва дар ивазаш аз шумо чиро мехоанд? яъне шумо бояд дар байни мардум гулгула андозед. Ба шумохо мегуянд: - душманони хонаги, ки аз дур ба амнияти кишвари худ санг мепартоед. Шумохо демократ нестед, шумохо одамони обиженный хастед!

Ба окои Масчои! Ташаккур барои изхори назар! Агар паси пардаи «тахаллус» ва ё «нисба» пинхон намебудед, бахс ошкортар сурат мегирифт. Аммо вучуди кинояхои богараз нишонгари заъфи андешахост. Хар касе, ки хунаре дошта бошад, барои худаш аст. Ва низ ман бо навиштахоям пеши роҳи андешаи хеч фардеро нагирифтаам ва дорам вазифаи худро анчом медихам. Дасти олимону хунармандонро касе набастааст. Агар он бародар аз мо кам нестанд, майдони илму дониш бозу васеъ аст! Бигуянд ва бинависандд, то дигарон хукм кунанд! Зимнан, ин ки ман ва хонаводаам мушкили бо хавлии падар дорам, ба дигарон рабте надорад! Бародар, таъаммул намоед, ки дахолати бемаврид ба умури шахсии дигарон ба чӣ маъни аст?!

Лукмон Бойматов,бамаъное ки бо хамсоя муросо мекунед...мачбур мешаед...ки хамзишти кунед...бахси мо бо хитой бахси садсолахо буд...бахси геополитикие ки моро нест мекард....дар оянда..Россия ва дигарон гузашт кардаанд..мо низ...барои оянда..Шумо медонед ки бо киргизхо бо узбекхо бахсхо давом доарнд ва мо гузашт накарда истодаем ва намекунем..чунки каму беш бахсохи, ки хакикат маълум аст...ва зурамон низ мерасад...холо бахсхо бо афгонистон дар пеш аст....яъне давлати сохибистиклол бояд..аз имкониятхо истифода барад...на аз эхсосотхо...ана бародари матчохи мегуяд ки дар украина ахмаки аст..сиесати абаркудратхо зуровари аст имруз...даромаданд аз ман гуфта гирифтанд...вакто ки онхо аз як модаранд..украина каме пешпо хурд заиф шуд дархол руссия дасташро дароз кард гирифт...борои хамин дар дохил вахдат бошад..миллат ягонаву ..давлат иктисоди устувор дошта бошад хеч кас даст дароз намекунад...камтар Точикистон заиф шавад..моро пора пора мекунанд....бародарони азиз...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)