Дар остонаи оғози соли нави хониш ва дар пасманзари гуфтугузорҳо перомуни беқадрии донишу донишмандон дар Тоҷикистон “Озодагон” бо суоли “Оё дониш дар Тоҷикистон арзиш дорад” назари 7 рӯшанфикрро нашр кард, ки вокунишҳои зиёдеро аз ҷониби хонандаҳои сомона ба миён овард. Муаррих Луқмон Бойматов ҳам андешаи худро унвонии хабаргузорӣ ирсол кардааст, ки пешниҳоди шумо мешавад.
“Бо камоли таъассуф, ҷомеаи таърихан маҳрум ва мазлуми Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат (пас аз касбии истиқлол) ба як ҷомеъаи нимҷони бесавод бадал шуд. Бадбахтӣ аст, дар асри пирӯзиҳои илм ва текноложӣ, аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон хешро бо ақабмондатарин кишварҳои муъосир муқоиса намояд!
Маншаъи фоҷеъаи фарҳанги миллиро дар тарзи тафаккури аъмоли рӯшанфикрон ва аҳли зиёяш бояд ҷуст! Фикре, ки аз дурӯғ ҷон гирифтааст, наметавонад ростиро бар арҷ гузорад. Чӣ ҷои пинҳон аст, ҳамакнун, 99 дар сади аҳли зиё ва босаводони мо на танҳо, ба мардум, балки бар виҷдони хеш хиёнат мекунанд. Онон, ба ҷои ростӣ, дурӯғҳои маҳзро менишинонанд, ба ҷои поси адл, беадолатиро тавсиф, ба ҷои интиқоди иштибоҳот, ташвиқи хатоҳоро мекунанд! Хиёнатҳои аҳли зиё табдил ба силсилаи шиорҳои миллат шудаанд.
Зиёиёни хоин чунон маддоҳ ва почахорони қудрат шудаанд, ки ҳатто шахсият ва шаънашонро барои “ҳомиёнашон” арзонӣ кардаанд. Рӯшанфикре, ки маддоҳи қудрат асту эҳтироми мардумашро надорад, касифтарин ҷонвари босавод аст. Аҳли зиёи мо на ба дин содиқанд, на бар таълимоти ҳақиқат. Ҷомеъае, ки дар он аҳли саводаш андешаи бандагӣ ва худфуруширо бар мардумаш таҳмил менамояд, ҳаргиз рӯи саодатро нахоҳад дид. Аммо мардум худ гунаҳкор аст, ки бесаводонро дар батни хеш тарбият менамояд. Ҷомеа худ муқассири сарнавишташ аст. Вай бояд тарзи биниши хешро тағйир бидиҳад ва рӯ ба ҳақиқату адолат ниҳад! Дар сарзамине, ки адолат асир аст, фазилат хор мешавад.
Ҷомеа, агар олимону муаллимони бесаводашро аз маърака берун кунад, адолат нафас хоҳад кашид ва илму фарҳанг сар боло хоҳад кард!"