ВИДЕО: Додгоҳ Бобоҷон Ҳамидовро 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт
Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Бобоҷон Ҳамидовро, ки гунаҳгори асосии марги Бурҳонидин Зарипов, хонандаи синфи 11 дониста мешавад, ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард. Ин дар ҳолест, ки Фирӯз Бобохонов, айбдоркунандаи давлатӣ барои Бобоҷон Ҳамидов аз додгоҳ 10 соли маҳрумият аз озодӣ талаб карда буд.
Додрас Абдуҳаким Холиқов аснои қироати ҳукм гуфт, “саршавии муҳлати адои ҷазо нисбат ба Бобоҷон Ҳамидов аз лаҳзаи дастгир шуданаш - 30 июни соли равон ба ҳисоб гирифта шавад”.
11 нафаре, ки ҳамчунин дар курсии айбдорӣ менишастанд, ҷарима баста ё ба анҷоми корҳои ҳатмӣ муваззаф шуданд. Аз ҷумла Баҳрулло Асоев, Аъзам Рабиев, Ҷамолиддин Холназаров, Икромиддин Холназаров ва Собир Салихов ба пардохти 300 нишондиҳанда ба фоидаи давлат (12 000 сомонӣ) ва Алибахш Алиназаров, Комрон Холов, Сино Қаҳҳоров, Толибхон Авазов, Беҳрӯз Одинаев ва Маҳмадшариф Ҳомидов ба 160 соат корҳои ҳатмӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Модари Бобоҷон Ҳомидов дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, писараш дар қатли Бурҳониддин даст надорад. "Қотил дигар кас аст, аммо ҳамаи гуноҳро ба писари ман бор карданд",-афзуд ӯ. Абдулбузург Асоев, вакили дифои Бобоҷон Ҳамидов низ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. "Додгоҳ ба ҳолатҳое баҳо дод, ки бо онҳо рози шуда наметавонем. Ҳамчун ҳуқуқшинос мавқеи зерҳимояамро дифоъ карда ба ҳукми додгоҳ розӣ нестам. Дар сурате, ки волидонаш аз ман талаб кунанд, ба аз ҳукми додгоҳи Сино шикоят мебарам. Дар дохили парванда ҳолатҳое буданд, ки бештари онҳо комилан роҳи ҳали худашонро наёфтанд. Дар мавриди шиканҷа нисбат ба Бобоҷон Ҳомидов падараш маълумот дошт ва ба пракуратура ва шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия нома навишт, дар ин бора ягон ҷавоби муайяне ҳам нагирифтем. Ҳатто дархост ҳам карда будем, ки як экспертизаи судӣ-тиббӣ гузаронида шавад вале мутаассифона дархостҳои мо қонеъ нашуданд. Худи Бобоҷон аз аввал иқрор нашудааст, ки дар кӯштори Бурҳониддин даст дорад. Чунин баёнотҳоро шахсан дар назди ман навиштааст",-гуфт номбурда.
Видеои андешаи вакили дифои Бобоҷон Ҳамидов инҷост
Видеои андешаи Хуршед Зарипов, бародари Бурҳониддинро дар мавриди ҳукми додгоҳ бо нохун задан рӯи ин ҷумла бубинед
Хуршед Зарипов, бародари Бурҳониддин ҳам гуфт аз ҳукми додгоҳ розӣ набуда, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят хоҳад кард: “Ман дар мавриди адолати судӣ ягон чиз гуфтанӣ нестам. Аммо имрӯз нисбат ба ин ҷавонону ноболиғон ҷазои сабук бароварда шуд. Бояд камсе ҷазои вазнинтар бароварда мешуд, махсусан барои Комрон Холов. Ӯро бояд на 160 соат корҳои ҳатмӣ, аққалан як ё ду сол аз озодӣ маҳрум месохтанд. Ба дигаронаш низ камтар ҷазои вазнин дода мешуд”.
Ёдовар мешавем, 30 майи соли ҷорӣ дар маҳаллаи 91 дар пайи муноқиша миёни хонандаҳои мактабҳои №66 ва №54 Бурҳонидин Зарипов бо корд маҷруҳ шуда, ба ҳалокат расид. Қаблан, Баҳриддин Давлатбеков, сардори гуруҳи тафтишотии ин қазия ба “Озодагон” гуфта буд, “муноқиша аз нофаҳмии ду хонанда дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” оғоз шудааст, ки яке дигареро мегӯяд, ту арӯс надорӣ. Баъд аз ин ҷойро муайян мекунанду мулоқот мекунанд, ки бо кордчазанӣ ва куштори як нафар анҷомид.”
Давлатбеков афзуд, нафари кушташуда ба ин нофаҳмиҳо, дахле надоштааст, вале чун варзишгар буд, ба муноқиша даъват гардидааст: “Муайян гардид, ки Бурҳониддинро Бобоҷон Ҳамидов, соли таваллудаш 1996 корд задааст, ки таҳсилро аз синфи 9-ум қатъ карда, то ҳол дар ҷое нахондааст.”Дар акси дуюм: Бурҳонидин Зарифов
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |