Ҷавоби Ато Муҳаммад Нур ба хандаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай
Ато Муҳаммад Нур – волии вилояти Балхи Афғонистон дар вокуниш ба изҳороти ахири омехта бо хандаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай – номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар бори дигар аз шӯриши зидди Кобул ҳушдор дод.
Ӯ гуфт, “дар сурате болои мо зулм ва қазоват ноодилона мешавад, дар эътироз ба он аз тамоми нофармониҳои маданӣ истифода хоҳем кард”. Ба қавли волии Балх, ӯ ҳарчанд аз қарордоде, ки миёни ду номзад ба миён омада буд, ҳимоят хоҳад кард, вале тафтиши ноодилона ва бо тақаллубро қабул надорад: “Пештар гуфта будам, аз қарордоде, ки миёни ду номзад ба миён омада буд, ҳимоят мекунем, аз тафтиши шаффофи раъйҳо ҳимоят мекунем. Аммо агар ин ҳама як намоиш бошаду ба мо зулм шавад, дар он сурат аз тамоми нофармониҳои маданӣ истифода мекунем.”
Ин волии бонуфузи Балхи Афғонистон, ки яке аз ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ - номзади даври дуюми интихоботи президентии ин кишвар ба шумор меравад, бори дуюм аст, аз шӯриши зидди Кобул дар сурати ғайришаффоф будани раванди эълони натоиҷи интихобот хабар медиҳад. Ӯ қаблан низ чунин ҳушдореро дода буд, вале Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар вокуниш ба ин ҳушдори волии Балх хандаи тамасхуромезе карда, гуфт, “онҳо дар баробари чӣ касе қиём хоҳанд кард?!”
Ато Муҳаммад Нур дар ин суханронии худ низ ба масъалаи хандаи Аҳмадзай ба ҳушдори ӯ дахл карда, гуфт, қаҳ-қаҳи ин номзади даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон аз ҳолати ғайриодии ӯ дарак медиҳад. “Дар баробари ҳарфҳои мо тими Таҳаввул ва тадовум – ситоди интихоботии Аҳмадзай бисёр як қаҳ-қаҳи калон нишон дод, ки ҳамаи мо дидему он нишондиҳандаи як ҳолати ғайриодӣ мебошад ва мо низ аз он гила надорем.”
Волии Балх дар идома таъкид дошт, “Аҳмадзай баъд аз хандаи худ савол додааст, ки “қиём дар баробари чӣ касе?” Мо мегӯем, қиём дар баробари касе, ки аз роҳи тақаллуб ба майдон меояд; қиём дар баробари нафаре, ки бо раъйи расвошудаву бӯяш дунёро гирифтааст, ба майдон меояд; қиём дар баробари нафаре, ки аз дин бехабар асту фарзанду оилаи ӯ афғон нест, хоҳад шуд!”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |