Бахшҳо
18 авг 2014 12:19Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мансаби нави Музаффар Исҳоқов ва Толиб Раҳимов

Музаффар Исҳоқов - собиқ директори ширкати "Тоҷик Эйр" сардори нави Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе таъин шудааст. Исҳоқов ба ин курсӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе нишастааст.

Ӯ, ки дар гузашта ҳамчун ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст, аз моҳи январи соли 2011 то соли 2012 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро дар ихтиёр дошт. Музаффар Исҳоқов як замон ба ҳайси раҳбари ширкати хусусии "Сомон Эйр" низ кор кардааст.

Дар давраи кӯтоҳи раҳбарии Исҳоқов дар “Тоҷик Эйр” дар бораи фаъолияту бархӯрдҳои ӯ бо кормандони ин ширкати ҳавопаймоӣ баҳсҳои зиёде буданд. Аз ҷумла, қабл аз барканории ӯ ҳудуди 50 корманди “Тоҷик Эйр” нисбат ба ӯ норизоӣ карда, гуфта буданд, раҳбари ширкат ба хотири манфиати молӣ диданаш ба фиреби мусофирон даст мезанад.

Дар пайи тағйироти ахири шаҳрдорӣ Толиб Раҳимов сардори нави Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе таъин шудааст. Қаблан, Абдусалим Ҷӯраев -- сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба “таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр” аз мансабаш барканор шуда буд.
Мӯҳр
Саид
Кадрхои арзанда!

Саид, Кадрхои сузанда мегуфтетон дурустар буд, боз чи кор мекунанд як бор дузиданд боз вазифа гирифтаанд, хеч гап набудаст гуфта боз медузданд- дия

Тахавулот
Шояд дар масъалаи кор сахтгир бошад. Одатан дар корхонахои давлати, дуздхо ва дуруябозхо ин хел кадрхоро нагз намебинанд.

роза
исоков хамчун мутахассис бехтарин хаст, табрик.

Музафар Исхоков дар хакикат иктисодчи хуб ва рохбари окилу доно мебошад. Вазифаи нав ба эшон арзанда ва муборак бошад!

ishokov kadri behtarin ast.somon eir-ro hamin odam tartibashro behtar kard.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)