Тесак, сартарошидаи рус, ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи Кунтсевои шаҳри Маскав Максим Мартсинкевич, маъруф ба “Тесак”-ро, ки яке аз миллатгароҳои сарсахти рус ба ҳисоб меравад, ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Масъулони додгоҳ гуфтанд, “Тесак” барои барангехтани адовати қавмӣ ва паст задани шаъни инсонӣ айбдор мешавад ва муҳлати зиндонашро дар маҳбаси низомаш шадид паси сар хоҳад кард.
Далели додгоҳ барои айбдор кардани Мартсинкевич се навори видеоие будааст, ки тавассути телефон сабт ва баъдан ба интернет роҳ ёфтааст. Додгоҳ мегӯяд, дар ин видеоҳо “Тесак” робитаи занони рус бо мардони қафқозиро маҳкум маҳкум карда, ба мардуми ғайриславянӣ дар Русия таҳдид намудааст. Дар яке аз ин наворҳо дар бораи ҳалли мушкили муҳоҷират дар шаҳри Маскав ҳам сухан рафта, Максим Мартсинкевич пешниҳод кардааст, бояд тамоми муҳоҷирон аз қаламрави пойтахти Русия берун карда шаванд.
Аммо вакили мудофеъ Алексей Михалчик бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва гуфтааст, айби нафари таҳти ҳимояташ исбот нашудааст. Ӯ афзудааст, Тесакро танҳо барои мавқеи фаъоли шаҳрвандияш ба ҳабс фиристодаанд, на чизи дигар. Ин бори дувум аст, ки Мартсинкевич ба ҷурми барангехтани адовати қавмӣ зиндонӣ мешавад. Яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав моҳи январи соли 2008 ӯро барои се сол ба зиндон фиристода буд, ки баъдан ин муҳлат ба далели наворбардории қатли яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз тарафи ӯ ба як соли дигар тамдид карда шуд.
Ин миллатгарои рус соли 2012 бо даъвати фаъолони "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" ба Душанбе омад, то бо вазъи зиндагӣ ва табиати кишвари мо ошно шавад. Вале баъд аз бозгашташ Максим Мартсинкевич таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард ва ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон, баръакс, дар гуфтаҳояш ҳамаи онҳоро ба риштаи тамасхур кашид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |