Бахшҳо
17 авг 2014 13:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Додгоҳ парвандаи хабарнигори "Tojnews"-ро баргардонд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрор – хабарнигори маҳаллии Оҷонси иттилооти “Тоҷнюз” ва нашрияи “Нигоҳ”-ро ба далели комил набуданаш баргардондааст.

Ин парванда дар заминаи шикояти Зафар Суфиев, муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд, боз шуда, дар он Қамари Аҳрор “барои итоат накардан ба амри пулис” муттаҳам мешуд.

Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, маводи пешниҳодкардаи Шуъбаи умури дохилӣ ба додгоҳ барои муайян кардани гунаҳкории нафари таҳти ҳимояташ кофӣ набудаанд. “Чунин амали додрас дар асоси дархости мо сурат гирифт. Бо маводи парвандаи маъмурӣ шинос шуда, муайян кардам, ки ҳангоми тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаққи Қамари Аҳрор поймол гардидааст. Ба хабарнигор нусхаи қарор дар бораи оғози парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва протоколи онро надода, ӯро бо маводи парванда низ ошно накардаанд”,-афзуд ӯ.

Хонум Воҳидова дар идома гуфт, онҳо рӯзи душанбеи 18 август бо навиштани ариза аз додгоҳ қатъи парвандаи маъмурӣ алайҳи Қамари Аҳрорро хоҳанд хост. Зеро, ба гуфтаи ӯ, “айбномаи мақомоти умури дохилии Хуҷанд алайҳи хабарнигори тоҷик бидуни асос буда, баръакс, онҳо ба иҷрои фаъолияти касбии Қамари Аҳрор монеъ шудаанд”.

Қамари Аҳрор шоми 6 августи соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Хуҷанд боздошт шуда, баъд аз навиштани як баёнот озод гардид. Аҳрор он замон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ӯ дар ҳоле боздошт гардид, ки ҷараёни мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Исмоил Ҳамзаалиев дар Хуҷандро наворбардорӣ мекард.

Қамари Аҳрор яке аз хабарнигорони фаъол дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аст, ки дар гузашта дар Радиои Озодӣ, Радиои Имрӯз ва нашрияи “Фараж” ҳам кор кардааст. Тайи як соли охир ӯ ба ҳайси хабарнигори Оҷонси иттилоотии Тоҷнюз ва ҳафтаномаи Нигоҳ дар Хуҷанд кор мекунад.
Мӯҳр
Ин милисахо бо собуни журналисто чомашуи накардаанд. Журналистон Хукумови кудои президента аз кор ронданду милисаша чи бошад. Капат сух ноиби сардори милиса

Хуршед
Камари азиз! Галабаи журналистика бар ноадолати муборакат бод!!!

Сапедадам
Камари Ахрор Иншооллох Додгох ба додат мерасад. Рухафтода нашав. Адолат пойдор аст.

Офарин журналистон.Зафар Суфиев, муовини сардори Шуъбаи умури дохилии шаҳри Хуҷанд бошад шахси дурандеш набудаатс.Вай одат кардаааст,ки хама ба у итоат мекунанд.Бояд ВКД тафтишоти дохила карда барои суиистифода аз манчаби худ чазояшро дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)