АКС: Боздиди Раҳмон аз Ҳисор, чойхонаи миллӣ ва мактаби президентӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 15 август ба ноҳияи Ҳисор рафтааст, то омодагиҳо ба ҷашни 3000-солагии ин ноҳияро бо чашмони худ бубинад. Ҷашни 3 ҳазорсолагии Ҳисор, ки аз сӯи ЮНЕСКО тасдиқ шудааст, моҳи сентябри соли 2015 баргузор хоҳад шуд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, сафари оқои Раҳмон бо боздидаш аз варзишгоҳи нав, Мактаби президентӣ ва чойхонаи миллии Ҳисор оғоз ёфтааст. Инчунин, ӯ бо корҳои сохтмонӣ дар қасри фарҳанг, китобхона, осорхонаи ноҳиявӣ ва эҳёи қалъаи Ҳисор ошно шудааст.
“Ду меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонӣ, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 манзил ва як корхонаи хишти дорои иқтидори шабонарӯзии 320 ҳазор дона хишт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт”,-навиштааст торнамои раиси ҷумҳур.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |