Узрхоҳии мақомот аз сокинон барои баста будани роҳҳо
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе барои баста будани баъзе аз роҳҳои асосии пойтахт аз сокинону ронандагон маъзаратхоҳӣ кардааст.
Ин ниҳод мегӯяд, бо ҳадафи таъмири роҳҳо дар остонаи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳаракат дар чорроҳаи кӯчаҳои Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони Рӯдакӣ (минтақаи назди меҳмонхонаи Авесто) ва кӯчаи Исмоили Сомонӣ (минтақаи аз буриши кӯчаи Рӯдакӣ-Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Сино) манъ карда шудааст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
“Ба ҳамин сабаб, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт барои нороҳатиҳои муваққатӣ маъзарат пурсида, аз онҳо хоҳиш карда мешавад, дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшаффат, яъне кӯчаҳои Шероз, Бухоро, Исмоили Сомонӣ, Турсунзода, Шевченко, Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Карамова, Сино, Нусратулло Махсум истифода баранд”,-гуфта шудааст дар торнамои Раёсати умури дохилии Душанбе.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |