Бахшҳо

Даҳ баробар гарон шудани нархи пиёз дар бозорҳои Хуҷанд

Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, нархи пиёз дар ин минтақаи кишвар нисбат ба соли гузашта тақрибан даҳ баробар боло рафтааст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло нархи як кило пиёз дар бозорҳои вилояти Суғд аз 1,5 то 3 сомонӣ буда, ҳатто охирҳои ҳафтаи гузашта баробар ба 4 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле ки соли гузашта дар ин шабу рӯз нархи як кило пиёз дар қаламрави вилояти Суғд 30 то 40 дирамро ташкил медод.
Соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд дар сӯҳбат бо телевизиони “СМ-1”-и ин шаҳр далели аслии боло рафтани нархи пиёзро дар кам кишт шудани он дониста мегӯянд, азбаски соли гузашта пиёз арзон буду деҳқоқонон натавонистанд, фоидаи хуб ба даст оранд, имсол ба ҷои он дигар зироат кишт кардаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ имсол дар вилояти Суғд дар 2 ҳазору 768 гектар замин пиёз корида шудааст, ки ин нишондод дар соли гузашта 3 ҳазору 925 гегтарро ташкил медод. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Мирзоанвар Аҳмедов- муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд омили дигари баланд шудани нархи пиёз хуб нашудани ин навъи зироат дар ин минтақаи кишвар мешбошад. Ӯ мегӯяд, имсол деҳқонони Суғд аз як гектар замин аз 10 то 15 тонна пиёз нисбат ба соли гузашта кам ҷамъоварӣ кардаанд.

Муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова менамояд, агар соли гузашта деҳқонон аз як гектар замин аз 25 то 30 тонна пиёз гирифта бошанд, имсол ин нишондод 16 то 20 тоннаро ташкил медод. Аҳмедов далели хуб нашудани ин навъи зироат дар вилояти Суғдро сари вақт обёрӣ нашудани заминҳо арзёбӣ кард.

Аммо Аҳмедов иқрор кард, дар боло рафтани нархи пиёз дар вилояти Суғд онҳо ҳам айбдор ҳастанд, чун бидуни омӯхтани талаботи бозори дохилӣ содироти онро ба хориҷ аз кишвар зиёд кардаанд. “Рӯирост гуфтан даркор, ки мо имсол талаботи бозори дохилиро хуб наомӯхта, ба берун бисёртар содир кардем. То моҳи август мо наздик ба 60 ҳазор тонна пиёз ба кишварҳои хориҷ содир кардем.”- афзуд ӯ.
Мӯҳр
Тахмина, Хучанд
Умуман, пиёз нияти арзон шуданро доштааст ё не? Ин факту далел ба халк зарур нест. Пиёз арзон шавад, ана руйи хисоботдехону фактнависон сафеду зебо метобад!!!!!

borri avval kursi nishini rost guyi tojik ro didam

Дар в.Сугд асосан истехсолкунандаи кисми зиёди пиёз дар нохияи Зафаробод мебошад. Соли гузашта пиёз бисёр буд дехконон зарар диданд, кисми зиёди хосил дар ин нохия кариб хар сол мепусад аз сабаби набудани харидор ва тонахо пиёзашона дехконон ба мусор мепартоян. Диданд, ки зарар диданд аз кишти пиёз бисёрихо даст кашидан ин ба нархи пиёз дар вилоят таъсири манфи расонд. Ин холат мумкин то тирамох ба болоравии аз ин хам зиёди нархи пиёз дар бозорхои пойтахт ва дигар минтакахо руй доданаш мумкин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)